ТАРТИБИ МУНОСИБАТИ БЕХАТАР БО ҶАСАДИ ФАВТИДАГОН АЗ БЕМОРИИ COVID-19. Он имрӯз дар сомонаи расмии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим чоп гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Авҷи пандемияи глобалии коронавируси нави COVID-19 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бўҳрони бесобиқаро дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ эҷод намудааст. Дар ин замина, яке аз мушикилиҳое, ки мардум ба он дучор мешаванд, маросими дафни шахси аз бемории сироятӣ фавтида мебошад, чунин омадааст дар Тартиби муносибати бехатар бо ҷасади фавтидагон аз бемории Сovid-19, ки дар асоси тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бо назардошти таълимоти динӣ қабул гардидааст.
Тартиби мазкурро манзури хонандагон мегардонем:
ТАРТИБИ МУНОСИБАТИ БЕХАТАР БО ҶАСАДИ ФАВТИДАГОН АЗ БЕМОРИИ COVID-19
ДАР АСОСИ ТАВСИЯҲОИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ БО НАЗАРДОШТИ ТАЪЛИМОТИ ДИНӢ
Тартиби мазкур вобаста ба тағйирёбии вазъи эпидемиологӣ ва пешниҳодоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ таҷдид карда мешавад
Душанбе — 2020
Пешгуфтор
Авҷи пандемияи глобалии коронавируси нави COVID-19 дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бўҳрони бесобиқаро дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ эҷод намудааст. Дар ин замина, яке аз мушикилиҳое, ки мардум ба он дучор мешаванд, маросими дафни шахси аз бемории сироятӣ фавтида мебошад.
Ба ҷо овардани эҳтиром ба майит дар дин мақоми хоса дорад ва бояд бо фавтидагон аз бемории COVID-19 муносибати эҳтиромона ба ҷо оварда шавад. Шахсе, ки аз бемориҳои сироятӣ фавтидааст, гунаҳгор набуда, такфин ва ҷанозаи ў бояд бо риояи қоидаҳои санитарӣ ва арҷгузорӣ ба фавтидагон ба ҷо оварда шавад.
Ҳама гуна табъиз нисбати сироятёфтагон ё фавтидагон аз бемориҳои сироятӣ аз назари шаръӣ ҷоиз нест!
Дар ин замина, дар асоси тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиби муносибат бf ҷасади фавтидагон аз бемории сироятии COVID-19 таҳия карда шуд.
Тартиби муваққатии мазкур ҷиҳати истифода ва иҷро аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандон, хусусан ходимони дин, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ки ба шахсони аз бемории сироятии COVID-19 ва ё гумонбарӣ аз он фавтидаанд, алоқамандӣ доранд, нигаронида шудааст.
Пешниҳодоти калидӣ
Тибқи тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасади одамони аз бемории COVID-19 фавтида манбаи сироят шуда наметавонад. Танҳо шушҳои майити аз зукоми пандемиявӣ фавтида дар сурати рафтори нодуруст ҳангоми колбадшикофӣ дар сардхона метавонад манбаи сироят шуда, хатари биологӣ эҷод намояд. Дар дигар ҳолатҳо майит бемориро паҳн намекунад.
Ба андешаи мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ одамон метавонанд аз COVID-19 дар муассисаҳои тиббӣ, хонаҳояшон ва дигар ҷойҳо фавтанд. Бинобар ин, бехатарӣ ва солимии ҳар як нафар, ки бо майит сарукор мегирад, афзалият дорад. Қабл аз сарукор гирифтан бо майит бояд боварӣ ҳосил намуд, ки дар ҷойҳо маводҳои безараргардонӣ барои дастон ва воситаҳои инфиродии муҳофизатӣ мавҷуд бошад.
Шахсоне, ки бо майит сарукор доранд (кормандони соҳаи тиб, покшў, кафандўз, қабркан, имом) бояд чораҳои стандартии пешгирию бехатариро риоя намуда, аз хилъат ва дастпўшак истифода намоянд. Агар хатари пош хўрдани обият аз майит вуҷуд дошта бошад, истифодаи айнакҳои муҳофизатӣ ва шишасипари рўй зарурат дорад.
Тартиби шустан ва кафан кардан
Тибқи хулосаи мутахассисони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷасад манбаи сироят намебошад. Дар ин асос, ҷасади майит бо риояи қоидаҳои динӣ бояд шуста, безарар гардонида шуда, ба кафан печонида шавад. Кафан кардани майит аз ҷониби мутахассис-кафандўз анҷом дода мешавад. Ҳангоми ба кафан печонидан танҳо шахсоне иштирок мекунанд, ки будани онҳо барои мусоидат дар кафанпечонӣ зарур аст. Иштироки дигарон дар кафанпечонӣ манъ аст.
Дар асоси фатвои коршиносони Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар аст, ки барои пешгирии сироятёбии эҳтимолӣ, як қабати кафан бо маҳлули хлордор тар карда шавад. Тибқи хулосаи Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амал хилофи таълимоти шариат набуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ҷоиз мебошад. Мутахассисони соҳа тасдиқ мекунанд, ки маҳлули хлордор маводи покиза буда, ба истилоҳи динӣ чизи нопок маҳсуб намеёбад.
Ҳангоми шустан ва кафан кардан ҳамаи шахсоне, ки дар ин маросим иштирок мекунанд, бояд ҳатман либоси махсуси тиббӣ, ниқоб, дастпўшак ва айнаки муҳофизатӣ дошта бошанд.
Зарурати дар халтаҳои полиэтиленӣ гирифтани ҷасад танҳо дар ҳолати вуҷуд доштани баромадани соил аз бадан вуҷуд дорад. Маҳкам намудани шикофиҳои бадан тибқи дастури табибон сурат мегирад.
Маросими видоъ баъд аз кафан кардан ва безараргардонӣ
Маросими видоъ бо майит агар дар муассисаҳои тиббӣ сурат гирад, беҳтар аст дидани руйи майит барои хешовандонаш барои якчанд лаҳза аз пушти шиша ва ё аз пушти пардаҳои полиэтилении шаффоф ба роҳ монда шавад. Дар маросими видоъ танҳо якчанд нафар хешовандон ва дўстони наздик иштирок менамоянд. Иштироки ноболиғон ва шахсони синнашон аз 60-сола боло, инчунин шахсони бемор ё иммунитеташон суст (масалан, бемориҳои роҳи нафас, бемориҳои дил, диабети қанд ё системаи заифии масуният), қатъиян манъ аст.
Ба майит даст расонидан ё бўса кардан зарурияти динӣ надорад ва дар ҳолати фавтидан аз бемориҳои сироятӣ, даст расонидан ба майит манъ аст.
Интиқоли ҷасад
Интиқоли ҷасад ба қабристон бояд дар нақлиёти махсус ба роҳ монда шавад. Ҷасадро танҳо шахси масъул – қабркан ё кафандўз ё шахсе, ки майитро ба қабр мегузорад, бо риояи қоидаҳои шадиди санитарӣ ва пўшидани либоси махсус ҳамроҳӣ мекунад.
Ҷаноза
Дини ислом дафн кардани шахси фавтидаро фарзи кифоя ҳукм кардааст, ки агар дар он чанд нафар иштирок кунанд, кофӣ аст. Бинобар ин, бо дарназардошти шароити кунунӣ намози ҷаноза дар назди қабристон ё ҷойҳои махсус бо иштироки теъдоди ками хешовандон ва дўстони наздик хонда шавад, беҳтар аст. Тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ дуо аз ҳар ҷо қабул мегардад. Бинобар ин, дигарон дар ҳаққи майит дуо кунанд, кифоя аст.
Намози ҷанозаро имом бо риояи талаботи шариат анҷом дода, дар масофаи на камтар аз 2 метр аз тобут меистад.
Дар қабр гузоштан
Ҷасади майитро мутасаддиёне, ки либосҳои махсуси муҳофизатӣ пўшидаанд, дар қабр мегузоранд.
Тибқи урфу одати маҳаллӣ дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон қабр ба шакли долондор канда мешавад. Барои даровардани майт ба чунин қабр лозим аст, ки як нафар ба даруни лаҳад даромада, аз дохили он ҷасадро қабул кунад, ки ин кори мураккаб аст. Аз ин рў, тавсия дода мешавад, ки қабрҳо ба усули шомӣ, яъне рост ба поён ва сипас дар тарафи рост лаҳад ба шакли тоқ ба андозаи ҷасад канда шавад. Дар чунин намуди қабрҳо ба хок супоридани майит мушкиле эҷод намекунад (нигаред ба расм).
Баъд аз пўшонидани болои лаҳад ва каме хок партофтан, дигар иштирокдорон метавонанд ба қабр хок партоянд.
Шахсоне, ки дар хона фавтидаанду дар онҳо аломатҳои шабеҳ ва ё гумонбарӣ ба ин беморӣ дида мешавад, аммо бемории COVID-19 дар онҳо тасдиқ нашудааст, ба хотири пешгирии паҳншавии беморӣ ба ҳамин тартиб маросими ҷанозаи онҳо баргузор карда мешавад.
Мувофиқи хулосаи Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити кунунӣ барои фотиҳахонӣ ба хонаи майит омадан зарурат надорад. Тибқи таълимоти шариат савоби дуо ба рўҳи гузаштагон аз ҳар куҷо ҳатман мерасад. Таъзиябаёнкунӣ бо риояи фосилагирии иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.