Таъсири самарабахши доруи зидди коронавирус ошкор гашт
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони чинӣ моҳияти доруи «Ремдесивир»-ро дар табобати коронавируси SARS-CoV-2 ошкор сохтанд. Натиҷаи тадқиқотро маҷаллаи «Science» нашр намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости».
Тадқиқот нишон дод, ки моддаҳои полимераз РНК (полимераз як ферментест, ки молекулаҳои РНК-ро синтез мекунад ва барои фаъолияти ҳуҷайраҳо хеле муҳим аст. Он дар тамоми организмҳои зинда ва дар аксари вирусҳо вуҷуд дорад) дар маҳв сохтани паҳншавии сирояти коронавирус нақши калидӣ мебозанд.
Вируси SARS-CoV-2 ба зудӣ пардаҳои луобиро мубтало намуда, дарҳол афзоиш меёбад. Барои ин нусхаи фаврии РНК зарур аст. Ин раванд бо ширкати маҷмӯи сафедаҳои рамзикунонидашуда анҷом мепазирад. Унсури асосӣ ин ҷо репликаз ( Репликаз ин ферментҳои мушаххаси табиӣ мебошанд, ки метавонанд РНК-ро нусхабардорӣ кунанд) аст, ки ҳадаф санҷидани доруҳои таҳияшуда, аз ҷумла «Ремдесивир» мебошад.
Барои ин тадқиқот олимон усули микроскопияи электрониро истифода намуданд. Бо ин роҳ муайян карда шуд, ки чӣ тавр “Ремдесивир” метавонад ба фаъолнокии репликазаи SARS-CoV-2 фишор биорад. Маълум шуд, ки ҳангоми нусхабардорӣ вирус ҳатто сохтори худро тағйир намедиҳад. Ба ақидаи олимон ин қобилияти зиёди сироятнокии вирусро нишон медиҳад.
Олимон бар он ақидаанд, ки бо ин роҳ метавон таҳияи васеи доруҳои зидди вирусро имконпазир намуд.
Пандемияи коронавирус қариб тамоми оламро фаро гирифтааст. СУТ аз сирояти зиёда аз 3,3 миллион нафар хабар медиҳад, ки тақрибан 238 ҳазор нафар фавтида, зиёда аз як миллион нафар шифо ёфтаанд.
Қурбониёни аз ҳама зиёди сироят дар ИМА, Испания, Италия ва Чин мебошанд, ки охирӣ тавонист эпидемияро мағлуб созад.
Акси Би-Би-Си








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






