Вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Беларус масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19-ро баррасӣ карданд

Май 16, 2020 15:56

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз масъалаи пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19 дар меҳвари суҳбати телефонии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Беларус Владимир Караник қарор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.

Бо назардошти вазъи кунунии ташвишовари бемории COVID-19 дар ҷаҳон вазирони тандурустии ду кишвар зарур донистанд, ки дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони ин вирус ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои пешгирӣ ва табобати гирифторони сирояти COVID-19, бистаринамоии беморон ва ташкили видеоконфронсҳоро бо иштироки мутахассисони ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади омӯхтани таҷрибаи кишварҳои гуногун дар самти пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории COVID-19 Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо вазирони як зумра давлатҳо ва намояндагони созмону ташкилотҳои марбута, аз ҷумла бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Шадманов, директори минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге ва ғайраҳо суҳбати телефонӣ анҷом додаааст.

Май 16, 2020 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон