Ӯзбекистон манъи парвози ҳавопаймоҳоро то 30 июн тамдид намуд

Май 1, 2020 11:42

ДУШАНБЕ, 01.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ӯзбекистон тибқи қарори худ манъи парвози ҳавопаймоҳоро то 30 июни соли 2020 тамдид намуд. Дар ин бора РИА «Новости» бо истинод ба Ситоди фаврии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар медҳад.

Дар хабар зикр карда мешавад, ки  парвозҳои чартерӣ ба таври исно тибқи қарори махсуси Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда мешаванд. Тибқи ҳамин гуна қарор парвози ҳавопаймоҳои боркашонӣ низ дар сурати зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус тамоми фурудгоҳҳои мамлакат шуруъ  аз  30 марти соли равон фаъолияти худро  боз дошта буданд.  Парвози ҳавопаймоҳо ба дигар кишварҳо ва аз он ҷо ба Ӯзбекистон пурра қатъ гардидааст.

Май 1, 2020 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад