ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Лахш иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

Июнь 25, 2020 15:46

ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати  миллӣ дар ноҳияи Лахш бинои иловагии беморхонаи минтақавии ҷамоати деҳоти Қашот, тарабхонаи замонавӣ дар ҷамоати деҳоти Пилдон ва насоси обкашии деҳаи Қашотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин бора сармеъмори ноҳияи Лахш Назиров Убайдулло ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, бинои иловагии беморхонаи минтақавии Қашот бо маблағи 120 ҳазору 309 сомонӣ аз ҳисоби  аҳолӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он дорои 4 ҳуҷра, 12 кат ва таҷҳизотҳои замонавӣ мебошад. Инчунин насоси обкашии деҳаи Қашот, ки солҳои тулонӣ корношоям буд, бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ таъмири пурра гардида, айни замон 240 хоҷагӣ бо оби нушокӣ ва полезӣ таъмин шуданд.

Инчунин, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Искандаров Қаноатшо барои дар сатҳи баланди хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон дар  шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Лахш, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон мегузарад, тарабхонаи замонавӣ сохта дар арафаи ҷашни Ваҳдат ба истифода дод.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Лахш бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 53 деҳаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 200 адад бинову иншооти таъйиноташон  гуногун  ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншоот  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва корҳои сохтмонӣ дар  иншоотҳои  боқимонда идома дорад.

Июнь 25, 2020 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд