АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР 21-СОЛА ШУД. Ин сана нишон медиҳад, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон саривақтӣ ва дурандешона буд

Июнь 1, 2020 11:21

ДУШАНБЕ, 01.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 июни соли 2020 ба таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 сол пур шуд. 27 апрели соли 1999, дар пойтахти Австрия — Вена Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Дабири кулли СММ — Директори иҷроияи Дафтари  СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Пино Арлакки Протоколро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар бораи таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Дар асоси Протокол, 1 июни соли 1999 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №128 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии назорати маводи нашъаовар таъсис дода шуд.

Ин сана нишон медиҳад, ташаббуси саривақтӣ ва дурандешона будани иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди таъсиси идораи махсуси ваколатдор бо дастгирии СММ, ки дар назди он вазифаи пурзӯр кардани мубориза бо ҷиноятҳои алоқаманд бо гардиши ғайриқонунии маводи  мухадир, тайғири бунёдии стратегияи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, инчунин пешгирии нашъамандӣ вогузор шуда буд, тасдиқ намуд.

Роҳбарияти Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ лоиҳаи зидди мухаддиротии Тоҷикистонро яке аз беҳтарин ва муваффақтарин лоиҳаҳои СММ дар самти назорати маводи мухаддир эътироф намудааст. Тибқи арзёбии коршиносони ватаниву хориҷӣ, имрӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар системаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат мавқеи шоиста дорад.

Ҳукумати Тоҷикистон мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ҷузъи ҷудонашавандаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мешуморад.

Соли 1998, яъне якчанд сол пеш аз ҳодисаҳои фоҷиабори сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷомеаи ҷаҳонро аз ҳалли мушкилоти Афғонистон даъват намуда, мо аз хатари паҳншавии терроризм ва экстремизм ва инчунин паҳншавии маводи мухаддир аз Афғонистон огоҳ карда будем.

Пӯшида нест, ки паҳншавии маводи мухаддир натанхо ба амнияти давлат ва генофонди миллат тахдид мекунад, балки боиси доман пахн кардани ҷинояткорй, аз ҷумла терроризми байналмилалй гардида, барои ҷомеаи ҷаҳонй хатари ҷиддй дорад. Бо дарки ин хатарҳо Роҳбарияти Тоҷикистон сиёсатеро пеш гирифт, ки хадаф аз он муборизаи катъй бар зидди ин падидаи номатлуб буд ва гузашти вақт дурустии онро нишон дод. Зеро истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир имрӯз микёси глобалй пайдо карда, аз як тараф миллионҳо одамонро дар кишварҳои гуногуни олам гирифтори бемории нашъамандй месозад ва аз сӯи дигар, барои терроризми байналхалқй ва экстремизм заминаи мусоиди молиявй ба вуҷуд меорад.

Ташкил гардидани Агентии назорати маводи нашъаовар соли 1999  натиҷаи мантиқии сиёсати пешгирифтаи давлати мо дар самти муборизаи катъӣ бо ин вабои ҳазорсолаи нав мебошад.

Агентӣ имрӯз ҳамчун сохтори асосии татбиқкунандаи сиёсати давлат дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф шудааст.

АМИТ «Ховар» кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо 21-умин солгарди таъсиси нахустин мақомоти зидди маводи мухаддир табрик гуфта, барои онҳо саломатии бардавом ва дар иҷрои хидмати масъулиятатон муваффақият таманно менамояд.

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Дабири кулли СММ — Директори иҷроияи Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Пино Арлакки. 27 апрели соли 1999 Вена, Австрия. Акс аз бойгонӣ

Июнь 1, 2020 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд