АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «ЧАРОҒАКИ ШУЪЛАВАР». Дар Душанбе соҳибони 65 адад автомашинаҳои дорои сигналҳои махсуси овозӣ боздошт гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони бахшҳои бозрасӣ ва оперативии милитсияи шаҳри Душанбе таҳти унвони шартии «Чароғаки шуълавар» амалиёти махсус гузаронида, давоми 3 рӯз 65 ҳолати насбу истифодабарии сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғаки шуълавари нурафшонро ошкор намуданд. Ҳуқуқвайрокунандагон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд, ба ҳамин монанд 47 нафар ронандагони дигар ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас ва нисбаташон бо моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
«Воситаҳои нақлиёт то бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бо мусодира намудани асбобу таҷҳизоти ғайристандартӣ дар майдончаҳои махсуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва ШБДА боздошт мешаванд», — тазаккур доданд аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Истифодаи сигналҳои овозии гушхарош бо овози баланд ва чароғакҳои равшанидиҳандаи ғайристандартӣ ба бехатарии роҳ хатар эҷод карда, ба шаҳрвандони пойтахт, бахусус пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои музмин мебошанд, мушкилоти зиёдеро ба бор меорад.
Тибқи мушоҳидаҳо, вақтҳои охир як зумра ронандагон аз ҳисси ҳавобаландӣ ва худнамоӣ дар воситаҳои нақлиёташон ба таври худсарона сигналҳои дорои овози махсус ва чароғи фурӯзони шуълаварро насб намуда, дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди пойтахт ба ҳаракати бехатари дигар иштирокчиёни роҳ халал ворид менамоянд. Мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғи шуълавари фурӯзон танҳо ба воситаҳои нақлиёти махсуси хизматӣ, аз ҷумла Бозрасии давлатии автомобилӣ, Бозрасии ҳарбии автомобилӣ, Хадамоти сухторнишонӣ, Ёрии таъҷилӣ, Раёсати истифодабарии роҳҳо ва Хадамоти давлатии «Почтаи тоҷик» ҳангоми иҷрои супоришҳои таъҷилии хизматӣ мавриди истифода қарор дода мешавнад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 367 аз 5 декабри соли 2013 воридоти чунин сигналҳои махсуси овозӣ ва нурафшон ба ҳудуди кишвар қатъиян манъ мебошад. Вале, мутаассифона, ба ин нигоҳ накарда, чунин таҷҳизоти ғайристандартӣ ба бозорҳои дохилӣ роҳ меёбад. Ронандагон онҳоро харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ дар мошинҳои худ насб мекунанд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






