ҶАСОРАТЕ ПУРИФТИХОР ВА ХИДМАТЕ МОНДАГОР. Андешаҳои раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир ба иқдомҳои муҳиму саривақтии Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 14.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаҳои ҷудогонаи рӯзгор ва таҷрибаи таърихии инсоният тӯли чанд садсолаи охир собит намудааст, ки ҳар як монеаву мушкилоте, ки сари мардуми ин ё он кишвар меояд, боиси тавлиди шахсиятҳои бонангу номус, ҳомии сарзамину миллат, посдори тамаддуни ниёгон ва чеҳраҳои ҷасуру тавоно мегардад. Агарчӣ далелҳои муътамади пурифтихори миллати тоҷик кору пайкори фарзонафарзандонаш, мисли Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо шахсиятҳои барҷастаи дигарро дар ин масир рӯнамоии хоса намояд, пас месазад, ки дар эҷоду бунёди давлатдории навини тоҷикон хидматҳои бедареғи абармарди роҳи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро боиси васфу сутудании махсус донем. Чунин нигоштааст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим МИРЗОЗОДА дар матлаби хеш, ки ба унвонии АМИТ «Ховар» ирсол гардид.
Дар идома мавсуф бо таъкид ва ифтихори хосса тазаккур медиҳад, ки хатти тақдир баҳри баҳамории миллати саргаштаю кишвари пароканда бо дарку заковати худододӣ маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муваззаф гардонид. Хушбахтона, саҳфаҳои қомуси давлатдории навини тоҷикон далели равшан аст, ки Пешвои муаззами миллат аз иҷрои ин рисолати таърихӣ бо сарбаландӣ баромаданд…
Дар ин замина, тавре раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тавзеҳи муҳимтарин нуктаи махсуси дигар ин аст, ки мактаби давлатдории ин давлатмарди асил дар як фурсати хеле ками вақт бо таъмини сулҳу субот, бахшиши ҷурму гуноҳи муҷримон ва аз як кишвари ҷангзада ба давлати созандаву бунёдкор табдил додани Тоҷикистон, на танҳо боиси ифтихори мардуми тоҷик, балки ин таҷриба боиси эътирофи кулли оламиён гардид.
«Равишҳои чанд садсолаҳои охир дақиқан собит намуд, ки танҳо дар шароити таҳдиди хатарҳои ғайричашмдошти кишварҳои бонуфуз қавму миллате арзи ҳастӣ карда метавонад, ки дорои қудрати бузург ва ё тавонмандии арзанда бошад. Табиатан гузашти вақт нишон додааст, ки ҳеҷ як соле бе монеаву мушкилӣ паси сар намешаваду равишу ҳолатҳои фавқулодааш ба рӯзгордории аҳолӣ мушкилиҳои азимеро эҷод менамояд», — навиштааст муаллиф.
Дар идомаи ин гуфтаҳо ӯ зикр менамояд, ки албатта, барои башарият соли 2020 ҳамчун соли пур аз даргириву даҳшатафканиҳои сартосарӣ ва соли бархӯрдҳо бо бемории сироятии COVID-19 ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, зеро дар баробари мушкилоту амалҳои рӯзафзуни ифротгароӣ, хуруҷи маризии марговари коронавируси нав мардуми ҷаҳонро ба сардаргумиҳои навину ташвишҳои тоза рӯ ба рӯ намуд.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин вабои ҳамагир истисно набуд. Маҳз таъсиси Ситоди иҷумҳуриявӣ бо иҷрои тадбирҳои муҳиму саривақтии Пешвои муаззами миллат сабаби пешгирии бармаҳали шиддати маргу мири шаҳрвандон аз ин марази хавфнок гардид, — мегӯяд Иброҳим Мирзозода ва меафзояд, ки муҳимтар аз ҳама, фармонҳои махсуси ба тасвибрасидаи охири Президенти мамлакат доир ба ҳалли мушкилоти таъсири ҳолатҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бори дигар умеду ормонҳои деринаи халқи шарифи Тоҷикистонро боз ҳам ба ояндаи дурахшони Ватан дилгармтару қавитар гардонид».
Номбурда ҳамчунин илова менамояд, ки мутобиқи уҳдадориҳои он, нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва он шаҳрвандони аз бемории СOVID-19 сироятёфта аз ҳисоби маблағҳои мақсадноки пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба таври ройгон анҷом дода мешавад. Аз ҷумла ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шаҳрвандоне, ки нафақаи иҷтимоӣ мегиранд, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, оилаҳои камбизоат, оилаҳои бесаробонмондаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба андозаи музди меҳнати ҳадди ақал кумаки яквақта расонида мешавад.
«Ҳамзамон, таъкид шудааст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ ба музди меҳнати вазифавии кормандони соҳаи тиб, ки бевосита ба ташхис ва табобати беморони сирояти СOVID-19 ҷалб мешаванд, иловапулӣ пардохт карда шавад. Илова бар ин, аз 5-уми июн ба Ҳукумати мамлакат дастур дода шуд, ки то охири соли 2020 бо мақсади кам намудани хароҷоти истеҳсолии корхонаҳо, роҳ надодан ба баландшавии нархи маҳсулоти ватанӣ, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ ва сатҳи таваррум баррасии масъалаи баланд бардоштани тарифи хизматрасониҳо, аз ҷумла неруи барқ, об, оби полезӣ, алоқа ва хизматрасониҳои коммуналиро мавқуф гузоранд», — таъкид месозад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе.
Бино ба гуфтаи муаллиф, дар баробари ин, баҳри нигоҳ доштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ аз 1-уми июн то 31-уми декабри соли 2020 меъёри андози даромад аз фоизи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз 12 фоиз амалкунанда то 6 фоиз паст ва аз 1-уми май то 1-уми сентябри соли 2020 ба шахсони воқеӣ барои пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул таътили андозӣ муқаррар карда мешавад.
Ӯ ҳамчунин тазаккур медиҳад, ки роҳандозии чунин тасмиму муқаррароти иқтисодӣ дар шароити мураккаби домангири вируси COVID-19, ки сироятёбии он ба инкишофи бештари давлатҳои пешрафтаи олам таъсири манфӣ гузоштааст, манфиатбору судовар буда, боиси таҳсину зикри махсус аст.
Дар фарҷоми матлаби хеш Иброҳим Мирзозода мегӯяд, ки «муҳимтар аз ҳама, расидан ба марҳилаҳои сифатан нави ҷомеа, татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии кишвар ва ҳалли мушкилиҳои ғайричашмдошти замонро метавон гувоҳи талошу заҳматҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод кард. Аз ин рӯ, дарки иҷрои чунин натиҷаҳои арзишманди бесобиқаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон, ҳамаи мову шуморо водор ба он месозад, ки аз ҳар вақтаи дигар атрофи ҳамин гуна андешаву ғояҳои устувор боз ҳам муттаҳиду вафодор бошем».