Ҳавопаймоҳои «Turkish Airlines» парвозҳоро ба Тоҷикистон оғоз мекунанд

Июнь 8, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТХовар»/. Ҳукумати Туркия дар моҳи июн ният дорад, ки парвозҳои ҳавоиро бо 40 кишвар, аз ҷумла бо Тоҷикистон барқарор намояд. Қаблан парвози ҳавопаймоҳо   аз сабаби пандемияи ҷаҳонии  коронавирус қатъ гардида буданд. Ин хабарро вазири нақлиёти Туркия Адил Караисмаилоғлу  эълон намуд.

Дар Хадамоти матбуотии фурудгоҳи Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки онҳо дар бораи изҳороти вазири нақлиёти Туркия хабардор карда шудаанд,  аммо барои барқарор кардани фаъолият ҳанӯз фармоише нагирифтаанд.

«Барои пешгирӣ аз эпидемияи коронавирус тамоми кишварҳо парвозҳои байналмилалиро кам ва ё ҳатто қатъ  намуда буданд. Акнун мо бояд робитаҳоро аз нав барқарор созем»,- гуфт вазири нақлиёти Туркия Адил Караисмаилоғлу .

10 июн Туркия бо Кипри Шимолӣ, Баҳрайн, Булғория, Қатар ва Юнон парвози ҳавопаймоҳоро мекушояд.

15 июн бо Германия, Австрия, Озарбойҷон Чехия, Хорватия, Гонконг, Швейтсария, Япония, Македонияи Шимолӣ, Литва, Венгрия, Полша, Руминия, Сербия, Сингапур, Словения ва Тоҷикистон низ ба парвози ҳавопаймоҳо оғоз карда мешавад.

Шуруъ, аз  санаи  22 июн парвозҳо бо Албания, Босния ва Герсеговиния, Дания, Эстония, Финляндия, Кореяи Ҷанубӣ, Ирландия, Черногория, Қирғизистон, Латвия, Люксембург, Норвегия ва  Словакия, ва ҳамчунин  аз 25 июн  бо Белгия аз нав барқарор мешаванд.

Туркия парвозҳои байналмилалиро дар охири моҳи март қатъ намуд. Охири моҳи май Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ба барқарорсозии фаъолияти иртиботи ҳавоӣ бо Россия ва Германия шурӯъ намуд. Вазири корҳои хориҷии кишвари болозикр  Мевлют Чавушоғлу гуфт, ки Туркия омода аст,  барои сайёҳон хатсайрҳои яккарата ташкил намояд.

Дар охири моҳи май ба шаҳрвандони  31 кишвар, аз ҷумла Россия барои табобат  гирифтан  дар муассисаҳои тиббии Туркия  иҷозати ворид гаштан ба қаламрави ин кишвар дода шуд. Ҳамчунин, Туркия ва Россия ҷиҳати барҳам додани маҳдудиятҳои тарафайн барои нақлиёт боркаш,  ба мувофиқа расиданд.

АКС аз бойгонӣ.

Июнь 8, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид