БО ҲАМ МЕСОЗЕМ! Зиндагии одамон дар ноҳияи Хуросон, бо гузашти як моҳ пас аз офати табиӣ. Гузориши мухбири АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2020 14:33

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,14-16 майи сори ҷорӣ дар натиҷаи бориши  шадид  деҳаҳои Неъматулло Асадулло, «Анҷумани XVIII-и ҳизб» ва «Хуросон»-и  ҷамоати деҳоти С.Айнӣ,  инчунин  деҳаи «Пахтаобод»-и ҷамоати деҳоти Ҳилолии  ноҳияи Хуросони  вилояти  Хатлон  хонаҳои истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ зери об монданд. Дар маҷмӯъ, дар натиҷаи селу ярч 338 хонаи истиқоматӣ, ки 14 тоаш пурра вайрон шуданд, яке қисман ва 12-тои  дигар аз ҷониби худи сокинон аз сангу гил  тоза карда шуданд.

Дар як муддати кӯтоҳ  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мардуми минтақаи аз офати табиӣ зарардида  кӯмак расонида шуд.  Аз номи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷо 55 тонна маҳсулоти ғизоӣ аз қабили орд, биринҷ, картошка, сабзӣ, пиёз, ва макарон фиристода шуданд. Ҳароратсанҷ, ниқобҳои тиббӣ, маҳлӯлҳои антисептикӣ ва дигар воситаҳои беҳдоштӣ низ дастрас гардиданд.

Ҳамчунин,  зарардидагони офат  бо молҳои ниёзи аввалия аз қабили чойник, сатил, собун, хокаи ҷомашӯӣ, хамираи дандоншӯи, кӯрпа, болишт ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин  гардиданд. Ба 338 оилае, ки дар натиҷаи лағзиши ярч зарар диданд, кӯмаки башардӯстона тақсим карда шуд.

Ба ҷуз ин ҳама, барои ташкили манзили зисти  муваққатӣ хаймаҳо ҷудо карда шуданд, ки он ҷо табибон ва оташнишонон бо таҷҳизоти махсус омодаи  хизмати шабонарӯзианд. Одамон мунтазам таҳти муоинаи  табибон қарор гирифта, бо  кӯдакони хурдсол  аллакай тамоми эмгузаронии нақшавӣ гузаронида шуд.

Дар маҳаллаи  навбунёди Чорбоғ ба 67 оилае, ки аз  обхезӣ бе хонаву дар монданд, ҳашт гектар замин ва тамоми лавозимоти зурурӣ барои сохтмони хонаҳои нав ҷудо карда шудааст. Сохтмони ин хонаҳо фавран  оғоз гардида, босуръат давом дорад. Одамон дастаҷамъона,   бо кӯшишҳои муштарак, хонаҳоро бунёд мекунанд.

Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон Зулайхо Ғоибова.

… Вилояти Хатлон бо мардуми меҳнатқарину тифоқаш машҳур аст. Имрӯз, сарфи назар аз гармие, ки ба 40 дараҷа расидааст, сокинони маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон, ки аз сел зарар дидаанд, ба сохтани манзили нав машғуланд.

Яқин аст, ки  дар ҷое, ки  одамон ба ҳамдигар  кӯмак мерасонанд, тамоми ҷомеа  зинда мемонад. Аз замони қадим  тоҷикон одати хуберо ба мерос  гирифтаанд ,  ки оқилона онро ба ҷо меоранд, яъне ба ҳамдигар дар корҳои гуногун дасти мадад дароз мекунанд. Масалан дар сохтмони хона, ҳангоми дарав, вақти ҷамъоварии ҳосил, дар ресидани пашми чорво ва ғайраҳо. Одамон дар ҳолатҳои мухталиф  кӯмаки дастаҷамъиро ташкил намудаанд. Одатан  бевазанҳо, ятимон, одамони аз сӯхтор зарардида, беморон ва шахсони нотавонро  ҳамагӣ  дастгирӣ карда, кӯмак мерасонданд. Ман  ба хубӣ ёд дорам, ки чи тавр одамон, барои сохтани хонаи як нафар мешитофтанд. Волидайн ва ҳамсояҳои худи ман дар чунин кори вазнин ройгон кӯмак менамуданд.

То фаро расидани тирамоҳ ба оилаҳои ин маҳалла лозим аст, ки 67 хонаро бунёд намуда,  онро бо коммуникатсия таъмин намоянд ва барои зистан  шароит муҳайё созанд.

Ба ҳар оила барои сохтмон 0,8 га замин ҷудо карда шудааст. Дар ин ҷо дасти кам 800 нафар  заҳмат мекашанд.

Дар маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон сарфи назар аз гармӣ, огоз аз субҳи  содиқ то нисфишаб  садои  кори асбобҳои сохтмонӣ ва суханони одамон  ба гӯш мерасанд. Мардуми аз офат зарардида  ҳамагӣ  аз паи сохтани таҳкурсии хона, деворҳо  ва муҳимтар аз ҳама дар фикри пӯшидани  боми  хона ҳастанд.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки то фаро расидани сармо бояд корҳои асосӣ ба итмом расанд,  боқимондаҳо  низ  тадриҷан анҷом меёбанд.

Ин сохтмон на танҳо  ҷабрдидаҳои офат, балки сокинони  дигари шаҳрҳо ва минтақаҳои вилоятро ба ҳам овард. Барои  кӯмак ба ҷуз  хешовандон ва дӯстон, инчунин шахсоне ҳозир шуданд, ки барои   онҳо ғаму ғуссаи  инсоне бе тафовут нест.

Имрӯз 23 нафар омӯзгорони факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав дар Бохтар дар бунёд намудани манзили зисти сокинон  саҳми  худро мегузоранд.

Аз суҳбат маълум шуд, ки ҳамаи онҳо ихтиёран барои кӯмаки сокинони  маҳаллаи  Чорбоғ омадаанд.

«Ҳадафи ҳар омӯзгор на танҳо омӯхтани илм  дар мактабҳо ва донишгоҳҳост,  ӯ худ бояд намунаи ибрат бошад»,- гуфт Илҳомҷон Қодирӣ, декани факултаи филологияи Донишгоҳи  Давлатии Бохтар.

Ба қавли  ҳамсуҳбати ман, дар олам  ҳама чиз ба ҳам алоқаманд аст. «Имрӯз мо ба ин одамон кӯмак мерасонем, фардо онҳо моро дастгирӣ менамоянд. Одамоне ки имкон доранд, бояд дар тангдастии дигарон шарик бошанд», — гуфт ӯ .

Сокини 20-солаи ҷамоати Қизилқалъа Ҷалоллуддин Қулиев, ба ҷавониаш нигоҳ накарда, ҳамчунин ба  кӯмаки осебдидагон омадааст.

Ба гуфти ӯ  ҳангоми кӯмак расондан  ба касе чи гуна гузаштани вақтро пайхас наменамоӣ. «Дар ин ҷо ҳамагӣ як мақсад доранд — обод намудан. Дӯстӣ ва ваҳдату ягонагии ҳалқи мо бори дигар эҳсос гашт. Ҳама дар кӯмаки якдигаранд. Нафаре кафшергар аст, дигаре хиштчин, вале мақсаду маром як аст, роҳи дигаре вуҷуд надорад»,- мегӯяд ӯ.

Дар маҳалла як бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст, ки дар он мутахассисони соҳаи тиб навбатдоранд, яъне ёрии аввалияи тиббӣ фаъолият дорад. Сохтмон бо роҳи худ идома дорад, вале аз сабаби коронавирус  аҳолӣ мекӯшад тамоми тадбирҳои  заруриро риоя намояд. Меъёрҳои  муайяншуда дар ин самт иҷро мешаванд. Пайваста ҳарорати бадани одамон санҷида шуда, ва пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  тавсия дода мешавад.

Илова бар ин, дар маҳалла зуд-зуд бо  корҳои тамизкунӣ фаро гирифта мешавад.

Ҳамчунин хадамоти Кумитаи ҳолатҳои фавкулода ва мудофиаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба сокинон  кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Одамон бо ғизои гарм ва оби нӯшокӣ таъминанд. Ҳамарӯза зиёда аз 100 кг оши палав пухта мешавад, илова бар ин, сокинони деҳаҳои ҳамсоя низ дар таъмин намудани  маводи хӯрока  дасти кӯмак дароз менамоянд.

Июнь 10, 2020 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷаласаи 38-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии волонтёрӣ оғоз гардид
Дар Суғд барои баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят 70 ҳавза ташкил карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ, БА ПЕШ!». Бахшида ба 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Масъалаи маблағгузорӣ барои ҳолатҳои офати табиӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бахшида ба 15-солагии таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир гардид
Дар низоми ҳокимияти судии Тоҷикистон 97 нафар зан судя мебошад
ДАР ДУШАНБЕ БАРФИ АВВАЛ МЕБОРАД. Пойтахт бо қабои сафед боз ҳам дилработар мегардад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсули андешаи Пешвои миллат мебошад
Дар Душанбе таҳти унвони «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид