«БО ПЕШВОИ ВАҲДАТОФАРАМ ИФТИХОР МЕКУНАМ». Таҳти чунин шиор дар Душанбе ҳамоиш баргузор гардид

Июнь 25, 2020 15:16

ДУШАНБЕ. 25.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Боғи Ирам ҳамоиши ҷавонони фаъол таҳти унвони «Бо Пешвои ваҳдатофарам ифтихор мекунам» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».  

Дар ҳамоиш раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат», Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, гирандагони стипендияи Президентӣ, шунавандагони курси доимамалкунандаи ташкилот, намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар, ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Абдулло Раҳмонзода зимни суханронии хеш иброз намуд, ки Ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, ин гавҳари шоистаи миллат бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, ки рисолати ҳимояи арзишҳои ваҳдатофарӣ ва талқини ваҳдатсозиро дар замири ҷавонон фароҳам меоварад.

«Мо насли ҷавони кишвар вазифадорем, ки дар пайравӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри ҳимояи арзишҳои миллию фарҳангӣ, осори пурғановати миллати тоҷик ва дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар синаи хешро сипар намуда, якдилона бар зиддӣ ҳама гуна гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва манфиатхоҳ муборизаи беамон барем,» — зикр кард А. Раҳмонзода.

Дар ҳамоиш инчунин аз ҷониби корманди ташкилот Ҳасанҷон Ваҳобзода муроҷиатномаи ҷавонони фаъоли кишвар ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат карда шуд.

Ҳамзамон, раиси ташкилот маблағҳои гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 – 2020, ки дар шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, супорид. Дар ин замина, ба хатмкунандагони курси «Пайравони Пешвои миллат» шаҳодатномаи хатм супорида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш барномаи театркунонидашуда саршор аз Ваҳдату якдилӣ ва ягонагии мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.

Июнь 25, 2020 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст