БУРҲОНИ ҚОТЕЪ. Ва ё далоили раднопазири аъмоли сарвар ва фаъолони ғадрпешаи ТТЭ ҲНИ дар филми «Хиёнат»

Июнь 24, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 24.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Тавре пештар хабар додем,  тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки дар он  кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)  комилан фош карда шудаанд. Филми мазкур дар асоси  далелҳои радношаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизб ва аъзои хиёнатпешаи он баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро  мунсифона  тасвир намоянд. Дар ин бора Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мӯъмин НАЗАР дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт.   

— Аҳолии Тоҷикистон фаромўш накардаанд, ки ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ яке аз субъектҳои асосии барангезандаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд, — гуфт дар идомаи суҳбат  Мӯъмин Назар. —  Ин ҷанги фоҷиабор, ки миллати моро ба вартаи нобудӣ мекашид, сабаби андўҳи гарони мардуми кишвар гардид. Дар давоми панҷ соли ин ҷанги таҳмилӣ зиёда  аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо қурбон шуданд, тахминан 2 миллион шаҳрвандон бе хонаву дар монданд, ҳазорҳо оила бепарстор монда, фарзандон ятим шуданд. Баъзе минтақаҳои мамлакат дар бунбасти иқтисодӣ монданд ва мардум гуруснагӣ мекашиданд. Аксари мардуми минтақаи ҷангзадаи кишвар аз рўи ноилоҷӣ гуреза ё муҳоҷир шуданд. Аз рўи ҳисобҳои тахминӣ, ба иқтисодиёти Тоҷикстон 10 миллиард доллар зарари моддӣ расид.

Натиҷаи талошу заҳматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хомўш кардани оташи ҷанги бародаркуш буд, ки мардуми кишвар ба рўзҳои нек, зиндагии осуда, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ расид. Албатта, хомўш кардани ҷанги бародаркуш кори осон набуд, вале сарсупурдагони ватан ба хотири миллат кўшиданд ва ноил шуданд: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо шуд.

Агарчи намояндагони ҲНИ ба сохторҳои давлатӣ ва қудратии Тоҷикистон ворид шуданд, вале ҳизби мазкур мақсади забт кардани ҳокимиятро меандешид. Аъзои фаъоли ҳизби мазкур дар Душанбе, Рашт, Хоруғ, Данғара тахрибкорию амалҳои террористӣ анҷом  медоданд ва бо чунин амали нангин «қудрат»-и хешро муаррифӣ менамуданд.

Ин ва дигар амалҳои нопоки ТТЭ ҲНИ аз ҷониби ҷомеа ва давлат маҳкум карда шуданд, доир ба ҷинояткории ин ватанфурўшон маводҳо дар васоити ахбори омма ба нашр расидаанд, якчанд ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошта шуданд, ки амалҳои зиддиқонунӣ ва гуноҳи аъзои ҳизбро тасдиқ мекунанд.

Чанде пеш дар шабакаҳои телевизионии мамлакат филми мустанади «Хиёнат» намоиш дода шуд, ки дар он гуноҳҳои сарвар ва аъзои фаъоли ин ҳизби террористию эктремистӣ комилан фош карда шудааст. Филми мазкур дар асоси факту далелҳои раднашаванда, шоҳидии иштирокчиёни ҳодисаҳо ва маълумоти бойгонӣ омода карда шудааст. Таҳиягарони филм тавонистаанд, ки ба амалҳои ҳизбу хиёнаткорон баҳои дуруст дода, манзараи таърихи сиёсии кишварро объективона тасвир намоянд. Дар ин филм хиёнатҳои нобахшидании сарвар ва фаъолони ТТЭ ҲНИ боадолатона маҳкум карда шудааст.

Масалан, ҳодисаи моҳи марти соли 2015 дар  Душанберо ба хотир биёрем. Як гурўҳ, Раиси ҲНИ  М.Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии сиёсии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва баъзе фармондеҳони саҳроӣ оид ба ғасби мусаллаҳонаи ҳокимияти конститутсионӣ маслиҳат карданд. Бояд зикр намуд, ки  хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ  маблағи зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату  роҳбарии бевоситаи Раиси  ҲНИ  М. Кабирӣ зиёда аз 20 гурӯҳи мусаллаҳ ташкил гардида,  ба  А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд.

Дар филм нишон дода шудааст, ки ба хотири  ҳарчи зудтар анҷом додани амали нопоки мусаллаҳона – нобуд кардани ҳокимияти конститутсионӣ ҲНИ чизеро дареғ намедорад, ҳатто ватанфурўширо.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти ҷиноии аъзои ҲНИ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуд, ки дар ҷараёни он зиёда аз 520 яроқи оташфишон ва 11000 лавозимоти ҷангӣ аз хоинони миллат мусодира гардид. Дар мавзеи паноҳбурдаашон 38 террорист бо роҳбарии А.Назарзода нобуд карда шуда, 161 узви ҲНИ  ва шарикони онҳо дастгир  гардиданд. Тасдиқ гардид, ки миёни фаъолони ҳабсшудаи ҲНИ чанд нафар резидентҳои хадамоти махсуси хориҷӣ низ буданд.

29 сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ҲНИ  ташкилоти террористӣ-экстремистӣ  эътироф  гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд.

Пас аз манъи фаъолияти ҲНИ, роҳбарият ва аъзои фаъоли он ба якчанд кишварҳои хориҷӣ фирор карданд. Бояд гуфт, ки хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ  ба таври пинҳонӣ ин ҳизбро сарпарастӣ ва  маблағгузорӣ менамоянд. Масалан, аз соли 2016 то 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ беш аз 3 миллион доллар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳо барои пешбурди кори иттилоотӣ, таблиғ дар сомонаҳои интернетӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ва ташвиқотчиёни ҳизби хиёнаткор истифода шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади таблиғот бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон студияи телевизионии «Садои Мардум» таъсис дода шуд, ки маблағгузории умумии он 1 миллиону 200 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Инчунин сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» ва ғайраҳо созмон дода шуданд, ки  мундариҷаи  маводи онҳо пурра  экстремистӣ  аст. Аз ин рӯ, Суди Олии Тоҷикистон дар асосҳои қонунӣ оид ба баста шудани 40 сомонаи интернетии экстремистӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард. Аз ҷумла, сайтҳои  марбут ба ҲНИ, ки мубаллиғи  идеологияи террористии он буданд:  Nahzat.org, Vostoknews.org, Kimya Saadat, Isloh.net, Ozodandishon.org, Zindoniyon. com, Payom.net. ва ғайраҳо.

Дар филм исбот карда мешавад, ки ТТЭ ҲНИ бо иштирок, маблағгузорӣ ва таҳти роҳбарии бевоситаи хадамоти махсуси хориҷӣ фаъолиятҳои ҷиноиро алайҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони он, инчунин хориҷиёне, ки дар ин ҷо қарор доранд, идома медиҳад. Чунончи, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ҳамлаи террористиро дар маҳалли ҷойгиршавии ПҲ 201-и Россия дар Душанбе пешгирӣ карданд. Ин амали террористиро 13 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ, ки дар назди инструкторони хориҷӣ омодагии диверсионӣ гузаштаанд, мехостанд анҷом диҳанд. Дар маҷмӯъ, дар тӯли солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷангиёни мусаллаҳи ҲНИ беш аз 150 шаҳрванди хориҷиро гаравгон гирифта,  куштанд.

Возеҳ аст, ки бо мақсади ноором сохтани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи парлумонӣ ва президентии соли 2020 ҲНИ боз ҳам «фаъолтар» шуд. Аммо ин кўшишаш комилан барабас хоҳад рафт.

Мусаллам аст, ки ҷинояткорон – пайравони ТТЭ ҲНИ асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати кору пайкори худ намеандешанд. Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар андохтани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар байни мардум, паст задани шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати ҶТ тактикаи пешгирифтаи онҳо буда, фақат ҳамин барояшон роҳат мебахшад. Онҳо барномаи дигар, ки ба манфиати мардуми кишвар бошад, надоранд ва манфиатҳои худро болотар аз ҳамаи арзишу идеалҳои ҷамъиятӣ мегузоранд.

Ташвиқоти ҷангҷўёнаи сарварони ин ҳизби носолим сабаб гардид, ки садҳо ҷавонон гумроҳ шуда, «ба хотири ислом» ба сафи неруҳои хунхори ДИИШ пайвастанд ва нобуд шуданд. Роҳбарияти ҲНИ дар ҷомаи дин пинҳон шуда, аз эътимоди мардум суъистифода карданд, ҳол он ки дини ислом чунин амалро маҳкум мекунад. Натиҷаи «корнома»-и онҳо ҳамин шуд, ки дар Тоҷикистон мазҳабу ҳаракатҳои ба мардуми мо бегонаи экстремистӣ ва террористӣ пайдо шуда буданд. Маҳз давлат тавонист, ки пеши роҳи чунин ҳаракатҳои носолимро бандад ва оромии ҷомеаро таъмин намояд. Наҳзатиён ба қадри сохтани давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ ҳеҷ гоҳ расида наметавонанд, чунки идеологияи онҳо ин мафҳумҳоро истисно мекунад. Истисмори омма, суиистифода аз боварии мардум, иғвоангезӣ, бегонапарастӣ, режими теократӣ мафҳумҳои муқаррарии луғати онҳо аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин ҷинояткорони мардумозор ҳаргиз ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид.

Таҳиягарони филм аз ҳақиқати таърих ҳарф зада, тамошобинро ба зиракии сиёсӣ, ба ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, садоқат ба ватану миллат ҳидоят мекунад. Манзараҳо ва муҳтавои филм моро ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллати худ сабақ омўзем, фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашуда, барои ободтар шудани ватани худ ҷаҳд кунем.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Мӯъмин НАЗАР 25 ноябри соли 1967 таваллуд шудааст. Соли 1992   Донишгоҳи давлатии Қазони Федератсияи Россия ва соли 1998 аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)-ро хатм намудааст. Сотсиолог, номзади илмҳои фалсафа (2000), дотсент (2013), аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) мебошад. Ӯ рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ташаккули сифати нав дар инкишофи ҷомеаи баъдишӯравӣ» таҳти роҳбарии профессор С.Наврӯзов аз рӯи ихтисоси   фалсафаи иҷтимоӣ соли 2000 дифоъ намудааст.

Мӯъмин Назар  соли 1992 ҳамчун ассистенти кафедраи фалсафа дар ДДТ (ҳоло ДМТ) ба фаъолияти омӯзгорӣ шуруъ карда, соли 2003 ба вазифаи дотсенти ҳамин кафедра гузаштааст. Соли 2005 мудири кафедраи навтаъсиси сотсиологияи факултети фалсафаи ДМТ интихоб гардид. Соли 2006 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи муосири Россия ва Тоҷикистон фаъолият дошт. Солҳои 2006-2011 дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи ДМТ буд. Соли 2011 мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2019  Мӯъмин Назар директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Ӯ раиси Комиссияи экспертии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ, сармуҳаррири маҷаллаи илмии «Ахбори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Ба қалами Мӯъмин Назар зиёда аз 70 таълифоти илмӣ ва илмӣ-методии чопшуда тааллуқ дорад. Дар таълифоти ӯ асосан масъалаҳои инкишофи ҷомеаи муосир мавриди пажӯҳиши фалсафӣ қарор гирифтаанд.

Июнь 24, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин