Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар шаҳри Тсиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чорабинӣ роҳбарони вазоратҳои мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин Дабири кулли созмон ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа ва амният, инчунин рушди ҳамкории амалӣ байни қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои аъзо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамоҳангсозии талошҳо дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ равона гардида, ҳамчунин масъалаи омодагии муштараки қувваҳои мусаллаҳ бо мақсади баланд бардоштани ҳамоҳангии амалиётӣ ва сатҳи омодагии ҷангӣ муҳокима шуд.
АКС: маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон









ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






