COVID-19: Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас шуд

Июнь 18, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас гардид. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Президенти мамлакат ташкилотҳои ҳамкор ва соҳибкорони маҳаллӣ чунин кумакҳоро ба беморхонаҳои ноҳия ва беморону табибон дастрас намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» сардухтури  Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насимҷон Шарифов хабар дод.

«Кумакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида, онҳо асосан аз хокаи хлор, гипохлориди натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳои тиббӣ, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандору, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми  Пешвои миллат, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби бемории коронавирус бахшиданд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро ташкил дод. Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад»,-гуфт Насимҷон Шарифов.

Ҳамзамон, соҳибкори ҷамоати деҳоти Ширинчашма Холмурод Мираков, ки айни замон дар  Федератсияи Россия қарор дорад, ба миқдори 100 ҳазор рубли руссӣ маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказӣ кумак кард. Ҳоло дар  беморхонаҳои ноҳияи Тоҷикобод тамоми шароити зарурӣ барои қабули беморони коронавирус муҳайё гардида, беморон ба таври ройгон муолиҷа мешаванд.

Июнь 18, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон