COVID-19: Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод маводи тиббию санитарӣ дастрас гардид. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Президенти мамлакат ташкилотҳои ҳамкор ва соҳибкорони маҳаллӣ чунин кумакҳоро ба беморхонаҳои ноҳия ва беморону табибон дастрас намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Тоҷикобод Насимҷон Шарифов хабар дод.
«Кумакҳои мазкур баҳри пешгирию муолиҷа аз бемории сироятии коронавирус ба беморон ва табибон пешбинӣ гардида, онҳо асосан аз хокаи хлор, гипохлориди натрий, хилъатҳои тиббӣ, дастпӯшак, айнак, ниқобҳои тиббӣ, музаҳои резинӣ, спирт, ҳароратсанҷ, сӯзандору, дорупошак, бистару болин, маводи сӯзишворӣ ва маводҳои озуқавориро дарбар мегиранд. Инчунин дар пайравӣ аз иқдоми Пешвои миллат, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби бемории коронавирус бахшиданд, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва дигар сохторҳо якрӯза маоши худро баҳри пешгирӣ аз бемории COVID-19 пешниҳод намуданд, ки дар маҷмуъ 29 ҳазор сомониро ташкил дод. Тибқи дархости маъмурияти беморхона бо ин маблағ бояд 2 адад дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва як миқдор дастпушакҳои резинӣ харидорӣ гардад»,-гуфт Насимҷон Шарифов.
Ҳамзамон, соҳибкори ҷамоати деҳоти Ширинчашма Холмурод Мираков, ки айни замон дар Федератсияи Россия қарор дорад, ба миқдори 100 ҳазор рубли руссӣ маводи доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, хлор ва ниқобҳои тиббӣ ба Беморхонаи марказӣ кумак кард. Ҳоло дар беморхонаҳои ноҳияи Тоҷикобод тамоми шароити зарурӣ барои қабули беморони коронавирус муҳайё гардида, беморон ба таври ройгон муолиҷа мешаванд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






