COVID-19. Дар ҷаҳон беш аз 3 миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

Июнь 3, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 03.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 3 июн дар ҷаҳон шумораи гирифторони навъи нави коронавируси COVID-19 давоми шабонарӯзи гузашта 115 ҳазору 981 нафар зиёд шуда, ба 6 миллиону 485 ҳазору 571 нафар расид. Ҳамзамон, аз ин теъдод то имрӯз 3 миллиону 23 ҳазору 638 кас шифо ёфтаанд ва 382 ҳазору 412 тан вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (1 881 205 нафар), Бразилия (558 237), Россия (423 741), Испания (287 012), Британияи Кабир (277 985), Италия (233 515), Ҳиндустон (207 191), Франсия (189 220), Германия (184 091) ва Перу (174 884) дохил мешаванд.

Аз ҳама бештар беморон дар ИМА (645 974 нафар), Бразилия (253 570), Россия (186 985), Германия (166 400), Италия (160 092), Туркия (129 921), Эрон (123,077), Ҳиндустон (100 285), Чин (78 314) ва Мексика (70 308) шифо ёфтаанд.

Ба қатори давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, ИМА (108 059 нафар), Британияи Кабир (39 369), Италия (33 530), Бразилия (31 309), Франсия (28 940), Испания (27 127), Мексика (10 637), Белгия (9 505), Германия (8 674) ва Эрон (7 942) шомил мебошанд.

11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Дар Белгия Ҷулия Девилдеи 100 сола пас аз табобат аз сирояти COVID-19 аз беморхона ҷавоб мешавад.
АКС аз MSN

Июнь 3, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд