COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон аз 9 миллион нафар гузашт

Июнь 22, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 22 июн шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ аз коронавируси нав дар ҷаҳон беш аз 9 миллион шуда, зиёда аз 470 ҳазор нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Тибқи маълумоти нави СУТ, давоми шабонарӯзи гузашта 130 382 ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ошкор шуда, 3 338 сироятшуда фавтидаанд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии ҳолатҳои ошкоршудаи COVID-19 дар ҷаҳон 9 046 080 буда, теъдоди фавтидагон 470 703 мебошад.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (2 356 657 нафар), Бразилия (1 086 990), Россия (584 680), Ҳиндустон (426 910), Британияи Кабир (304 331), Испания (293 352), Перу (254 936), Чили (242 355), Италия (238 499) ва Эрон (204 952) дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда, имрӯз дар бораи беш аз 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Июнь 22, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон