Дабири кулли СУТ: Хавфи имрӯза бепарвоӣ ва аз даст додани ҳушёрӣ аст

Июнь 9, 2020 11:39

ДУШАНБЕ, 09.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳарчанд вазъият дар Аврупо рӯ ба беҳбудӣ овардааст,  аммо дар миқёси ҷаҳонӣ  ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тасдиқ шудааст, ки дар як шабонарӯзи охир шумораи сироятшудагони нави  COVID-19 ба нуқтаи баландтарин расидааст. Созмони Умумуҷаҳонии Тандурустӣ аз давлатҳо ва шаҳрвандони онҳо давъват ба амал овардааст, ки дар чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла  ҳангоми ҳамоишҳои эътирозӣ ҳушёриро аз даст надиҳанд ва эҳтиёткор бошанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти  иттилоотии СММ.  

Тавре Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар брифинги Женева гуфт, 8 июн наздики ҳафт миллион ҳолати сирояти COVID-19 тасдиқ гашта, тақрибан 400 000 нафар  фавтидаанд. Дирӯз ба СУТ хабар омад, ки тӯли як шабонарӯз 136 ҳазор нафар гирифтори  бемории COVID-19 гаштаанд, ҳарчанд ки дар давоми даҳ рӯзи охир теъдоди ҳаррӯзаи беморони нав  100 000  нафарро ташкил медиҳад. Аммо  ин нишондиҳандаи баландтарин аст. Ҳамзамон,  аз 136 ҳазор 75 фоизи он танҳо ба даҳ кишвар, асосан Америкаи Ҷанубӣ ва Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ рост меояд. Ҳамчунин дар як қатор кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ  низ теъдоди мубталоёни ин беморӣ меафзояд.

Дар мавриди Африка гуфтан ҷоиз аст, ки дар кишварҳои зиёд вирус паҳншаивиро идома дода, минтақаҳои навро «аз худ мекунад». Бо вуҷуди ин, теъдоди  ҳолатҳои беморӣ  аз 1000 зиёд нест.

«Ҳарчанд дар Аврупо беҳтаршавии вазъият дида мешавад, дар миқёси ҷаҳонӣ  ҳолати бад ҳанӯз ҳам  идома дорад. Ба гуфти ӯ равандҳои мусбӣ  баъзе кишварҳоро  умедвор мекунад, ки беморӣ  нобуд шудааст,  аммо онҳо набояд фориғбол бошанд. Доктор Тедрос инчунин огоҳ намуд: «Имрӯз таҳдиди бузургтарин бепарвоӣ мебошад. Натиҷаҳои тадқиқот нишон доданд, ки  дар миқёси ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам аксарияти  аҳолӣ  метавонанд мубталои сироят гарданд».

Ӯ таъкид  намуд, ки  барои  пешгирии бозгашти вирус назорати  ҷиддӣ бурдан лозим аст. Дар шароити имрӯза  ин бахусус муҳим аст, зеро дар баъзе кишварҳо намоишҳои оммавиии гуногун  оғоз ёфтаанд.

Роҳбари  СУТ эътирозҳоро нисбати худсарии полис, ки дар ИМА сар зада, ба кишварҳои  дигар паҳн шудааст,  ёдовар гашт. Ӯ дар ин маврид чунин гуфт: «СУТ комилан ҷонибдори баробарҳуқуқӣ ва зидди нажодпарастӣ аст. Мо танҳо тавсия медиҳем, ки иштирокчиёни тазоҳурот худро аз хавфи сироят ҳимоя намоянд. Агар қадре имкон бошад, аз ҳамдигар масофа гирифта,  ба рӯй ниқоб кашед,  дастонро тоза нигоҳ доред ва ҳангоми сулфа даҳонро бо оринҷ пӯшед.

Раиси СУТ  изҳор намуд, ки шахсони бемор ба  хона духтур  даъват намуда, худ берун нараванд. Ҳукуматдорон низ набояд бепарво бошанд, тадбирҳои асосиро, ки ба паҳншавии  COVID-19 монеъ мешаванд, фаромӯш насозанд. Яъне, шахсони сироятшударо муайян намуда, онҳоро аз дигарон ҷудо созанд ва  ба табобат пардозанд, ҳамчунин одамони бо онҳо иртиботдоштаро низ дарёфта ба карантин фаро гиранд.

Дар акс: роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Тедрос Гебрейесус. Акс аз СММ /Елма Окик

Июнь 9, 2020 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон