Дар ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи майдони варзишӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамвор ва аз сангҳои хоро тоза намудани як қитъаи замин ҷиҳати бунёди майдони варзишӣ баҳри ҷавонони ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар кӯҳдомани пур аз шебу фароз ҷойгир аст, 23 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Дар кори тахту ҳамвор кардани ҷойи майдончаи варзишӣ ҷавонони деҳа бо масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳамкории наздикро ба роҳ монда, корҳои аввалияро анҷом доданд.
Раиси ҷамоати деҳоти Тусиён Вафо Ниёзмамадов гуфт, ки “пас аз он ки кори сохтмони майдончаи варзишӣ вусъат ёфт, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия низ ин ташаббуси созандаи ҷавонони деҳаро дастгирӣ намуда, барои идомаи сохтмон ва таъмини он бо лавозимоти варзишӣ 118 ҳазор сомонӣ интиқол доданд. Бо кумаки техникии ширкати “Помирэнерҷӣ” кӯҳпораи азим аз миён бардошта шуда, барои майдончаи варзишии оянда дарозии майдон то ба 50 метр ва паҳноии он ба 45 метр расонида шуд”.
Қарор аст, ки майдончаи варзишӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шавад. Акнун кӯдакону наврасон ва ҷавонони деҳа фориғ аз кору таҳсил имконият пайдо мекунанд, ки ба бозиҳои дӯстдоштаи худ, аз қабили футбол, волейбол ва баскетбол машғул шаванд.
Қобили қайд аст, ки ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа дар баландии бештар аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар 11 деҳаи он 410 хонавода зиндагӣ мекунанд.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






