Дар ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи майдони варзишӣ бунёд мегардад

Июнь 2, 2020 10:55

ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамвор ва аз сангҳои хоро тоза намудани як  қитъаи замин ҷиҳати бунёди майдони варзишӣ  баҳри ҷавонони ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар кӯҳдомани пур аз шебу фароз ҷойгир аст, 23 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.

Дар кори тахту ҳамвор кардани ҷойи майдончаи варзишӣ ҷавонони деҳа бо масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҳамкории наздикро ба роҳ монда, корҳои аввалияро анҷом доданд.

Раиси ҷамоати деҳоти Тусиён  Вафо Ниёзмамадов гуфт, ки “пас аз он ки кори сохтмони майдончаи варзишӣ вусъат ёфт, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Федератсияи Россия низ ин ташаббуси созандаи ҷавонони деҳаро дастгирӣ намуда, барои идомаи сохтмон ва таъмини он бо лавозимоти варзишӣ 118 ҳазор сомонӣ интиқол доданд. Бо кумаки техникии ширкати “Помирэнерҷӣ” кӯҳпораи азим аз миён бардошта шуда, барои майдончаи варзишии оянда дарозии майдон то ба 50 метр ва паҳноии он ба 45 метр расонида шуд”.

Қарор аст, ки майдончаи варзишӣ моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шавад. Акнун кӯдакону наврасон ва ҷавонони деҳа фориғ аз кору таҳсил  имконият пайдо мекунанд, ки ба бозиҳои дӯстдоштаи худ, аз қабили футбол, волейбол ва баскетбол машғул шаванд.

Қобили қайд аст, ки ҷамоати деҳоти Тусиёни ноҳияи Роштқалъа  дар баландии бештар аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар 11 деҳаи он 410 хонавода зиндагӣ мекунанд.

Июнь 2, 2020 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад