Дар Душанбе беш аз 40 кг маводи мухаддир ва 2 224 адад ҳабҳои синтетикӣ мусодира гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи фаъолияти босамари кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар нимаи аввали моҳи июн гурӯҳи калони шаҳрвандони дастдошта ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор, дастгир ва зиёда аз 40 кг маводи мухаддир ва 2224 адад ҳабҳои мадҳушкунандаи синтетикӣ дарёфту мусодира гардид. Дар ин бора аз Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар асоси маълумоти манбаъ, шаҳрванд Рамазонзода Зафари Хуршед, соли таваллудаш 03.01.1992, шаҳрванди ҶТ, зодаи шаҳри Кӯлоб, давоми ду соли охир ба сифати сарчашма тавассути нақлиёти боркашон ба интиқоли ҳабҳои экстазӣ аз кившарҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошад. Номбурда айни замон дар яке аз кишварҳои аврупоӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 200 қ.4, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дода шудааст.
Дар натиҷаи амалӣ кардани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ Содиқов Собирҷон Шовалиевич, соли таваллудаш 09.08.1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, ки алоқаи наздики Рамазонзода З.Х. маҳсуб мегардад, дастгир карда шуд. Дар натиҷа коркарди номбурда, аз дохили қуттиҳои чой, ки тавассути автомашинаи калони боркаш аз хориҷа вориди ҶТ шудааст, 2224 адад ҳаби синтетикӣ дарёфт ва мусодира гардид.
Мавриди зикр аст, ки истифодабарандагони ин навъи мавод асосан ҷавонон мебошанд. Мувофиқи хулосаи табибон ҳабҳои наркологию психотропӣ-хатарноктарин навъи маводи нашъаовар ба ҳисоб рафта, ба дилу рагҳои хунгард, ҷигар, гурда, шушу меъда зарар расонида, ақлу ҳушро коста мегардонад. Нафаре, ки истеъмолкунандаи чунин маводҳост, воқеиятро фаромӯш карда, девонаавзою бадхашм шуда, аз ҳеҷ як амали ҷиноятӣ рӯй намегардонад.
Инчунин, дар давраи 15 рӯзи аввали моҳи июн аз тарафи кормандони милитсияи пойтахт, ду гурӯҳи дигари машғул ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир шудааст. Аз гурӯҳи якум дар ҳайати Гулмирзоев Давлатмирзо Маҳмадмирзоевич соли таваллудаш 1958, Гулмирзоев Алишер Шарифович, соли таваллудаш 1974 ва Гулмирзоев Алидод Шарифович, соли таваллудаш 1976, зодагони ноҳияи Дарвоз, деҳаи Пунишор ҳудуди 23 кг воситаҳои нашъадори навъи афюн дарёфту мусодира гардид.

Аз гурӯҳи дуюм дар ҳайати Нуров Амришо Рӯзиевич, соли таваллудаш 1953, истиқоматкунандаи шаҳри Бустони вилояти Суғд ва Ҷурабеков Аъзамҷон Исмоилович, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 15 кг воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш дарёфту мусодира гардид. Охирин бо гурӯҳҳои нашъаҷаллоби Ҷумҳурии исломии Афғонистон робита дошта, ин миқдор маводро ба таври қочоқ аз онҳо дастрас намудааст.

Нисбати нафарони дастгиршуда, барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо моддаи 200-и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ошкор ва дастгир кардани дигар аъзои гурӯҳҳои нашъаҷаллоб идома доранд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






