Дар Кӯлоб маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб кишоварзон корҳои саҳроиро вусъат бахшида, ба ҷамъоварии ҳосили ғалладонагӣ ва маҳсулоти барвақтӣ шуруъ менамоянд. Яке аз маъракаҳои муҳим барои кишоварзон ҷамъоварии ғалла мебошад ва дар ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб бо ҷалби техникаҳои ғалладарав ба ин маърака оғоз карданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов хабар медиҳад.
Солҳои қаблӣ ҷамъоварии ғалларо дар ин ҷамоат ду ҳафта пеш шуруъ мекарданд, имсол бошад бо сербориш омадани фасли баҳор каме ба таъхир афтод. Кишоварзон азм доранд ҳар чӣ зудттар ғалларо ҷамъоварӣ карда дар заминҳои аз кишти ғалла ва маҳсулоти барвақтӣ холишуда кишти такрорӣ гузаронанд.
Тавре раиси ҶД «Зиракӣ» Ҳусниддин Зардиев иброз намуд, имсол хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 2169 гектар кишти ғалладонагӣ гузарониданд, ки айни ҳол ҷамъоварии ғалла идома дошта, аз ҳар як гектар 36 сентнерӣ ғалла ба даст оварда истодаанд. Инчунин, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар заминҳи обӣ кишти зироатҳои техникӣ, сабзавот, картошка, полезӣ ва зироатҳои хуроки чорво гузаронидаанд, ки нақша доранд хосили фаровон ба даст оранд.
Номбурда зикр кард, ки яке аз деҳқонони асил Нурхон Маҳмадуллоев аз заминҳои корами обии кооперативи тиҷоратии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ соли 2010 иҷора гирифта, боғ бунёд кардааст. Ӯ бо аҳли оилааш соли панҷум аст, ки аз ин боғ ҳосил мегирад. Имсол ҳам дарахтони боғаш ҳосили хуб бастаанд. Дар парвариши боғ қоидаҳои агротехникиро риоя мекунад. Ба самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин низ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Дар маҷмӯъ дар ҷамоати деҳоти мазкур корҳои саҳроӣ бомаром идома дошта, кишоварзон мақсад доранд, бо истифода аз шароити мавҷуда ва техникаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзун намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми хешро гузоранд.
АКС аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






