Дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ намуд

Июнь 1, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 01.06.2020. /АМИТ Ховар/. Дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии ташхисгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Ҳамзамон, имкон дорад, ки  дар ташхисгоҳ  дар як шабонарӯз то 150-200 таҳлил гузаронида шавад.

Мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. Дар оянда низ дигар кормандони озмоишгоҳ дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода гуфт, ки фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан  COVID-19-ро метезонад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб, барои мубориза бо бемории короновирус, қабл аз ҳама, муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона мусоидат мекунад.

То имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Июнь 1, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид