Дар Суғд ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ ва озмуни вилоятии «Ҷавондухтари ҳунарманд» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 июни соли равон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» ва озмуни вилоятии «Ҷавондухтари ҳунарманд» ташкил ва баргузор карда шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сараввал Раиси вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши маҳсули дасти ҷавондухтарони ҳунарманд дидан намуда, ба ҳунари онҳо баҳои баланд доданд ва иброз намуданд, ки дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкили чунин чорабиниҳо мувофиқи мақсад мебошад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ гирандагони cтипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда, аз дастовардҳои ҷавонон ва саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа ёдовар шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода низ аз дастгириҳои давлатии ҷавонон, хусусан дар мадди аввали сиёсати худ қарор додани сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуд.
Баъдан аз ҷониби Раҷаббой Аҳмадзода ва Абдулло Раҳмонзода ба гирандагони стипендияи мазкур ва ғолибони озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманд» маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 95 нафарро ташкил медиҳанд.








Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд






