«Эмомалӣ Раҳмон ва модели тоҷикии ҳалли низоъҳои дохилӣ», — шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон

Июнь 25, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи ҷорӣ матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ расониданд, ки фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда аксар маводҳои қабои идонаро ба баркада атрофи мавзӯи нақш ва ҷойгоҳи Ваҳдатӣ миллӣ дар эъмори давлату давлатдорӣ, таъиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, қарор доранд.  

Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

Аз ҷумла, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи  №113 (23968), ҷумъа, аз 19 июни соли 2020 дар саҳифаи нахустинаш Амру Фармон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳафтаи гузашта дар як қатор вазорату идораҳои давлатӣ аз ҷониби Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва инчунин таҳти унвони «Ман зодаи Истиқлолам» андешаҳои ҷавондухтаре, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои худ идеал ҳисобидаст мавод ба табъ расонидааст. Муаллифи ин мавод дар рӯзнома нигоштааст, ки «Пешвои миллат алангаи оташро хомӯш ва ҷойи он ниҳоли сарҷамъиву иттиҳод шинониданд, ки имрӯз сабзу борвар асту миллат аз он ком ширин мекунанд». Ҳамзамон муҳтавои мавод аз он иборат аст, ки ин шабу рӯз Тоҷикистони биҳиштосо дар вартаи беморӣ қарор дошта бошад ҳам, заҳмату ғамхории Сарвари миллат нисбати халқи худ баръало дар лаҳзаҳои ҳассос эҳсос мешавад.

Дар ин шумораи нашрия зери сарлавҳаи «ИСТИҚРОРИ СУЛҲ. Таҷрибаи тоҷикон барои ҷаҳониён намунаи беназир аст» маводи дигаре ба нашр расидааст, ки  аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ сухан гуфта шуда таъкид мегардад, ки «Воқеан, Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали сарварӣ ғамхори мардум буданашонро борҳо дар амал собит карданд».

Таҳти рубрикаи «Шоми шанбе»-и рӯзнома бошад, маводҳои мавриди назар ва ҷолиби гуногунҷанба ҷамъ оварда шудааст, ки  хонандагон метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар шумораи №114 (23969)-и нашрияи «Ҷумҳурият», ки 22 июн чоп шудааст, таҳти унвони «РАМЗИ ВАҲДАТ ё Роҳбаре, ки замираш моломоли ишқи миллат аст» ба табъ расидааст. Хонандаи ин матлаб метавонад иттилои васеъро оид саҳми Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ротиба ба Ваҳдати миллӣ ва муттаҳидиву сарҷамъии мардум дар фазои ҳукумфармои сулҳу осоиш нақл мекунад.

Дар ҳамин шумора муаллиф Хуршеди Ҷовид зери сарлавҳаи «РОҲИ ТОҶИКӢ. Назаре ба муборизаи Ҳукумат ва табибони кишвар бо коронавирус» маводеро рӯи чоп овардааст. Х.Ҷовид дар матлаби хеш оид ба хизмат ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, хусусан коронавирус, дастгирӣ ва ҳимоят аз гирифторони ин беморӣ нақл намуда, паҳлӯҳои мавриди назари ин мавзӯъро ба риштаи таҳлил кашидааст, ки ихлосмандон метавонанд матни пурраи онро аз рӯзнома мутолиа намоянд.

Таҳти рубрикаи «Ҷаҳон»-и рӯзномаро бошад маводҳои иттилоотии муҳими рухдода дар гӯшаю канораи олам комил сохтааст, ки хонандагон метавонанд бо онҳо ошноӣ пайдо кунанд.

Дар шумораи №115 (23970)-и нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз 23 июни соли равон дар саҳифаи аввал «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ва модели тоҷикии ҳалли низоъҳои дохилӣ» вобаста ба рӯзи Ваҳдати миллӣ бо такя ба гузашта ва таърихи ин санаи муҳим мавод ҷой дода шудааст, ки мутолиаи он хонандаро ба беназир будани ин дастоварди тоҷикон шинос мекунад. Дар асоси муҳтавои ин мавод метавон хулоса кард, ки дар ҳақиқат модели тоҷикии ҳалли муноқишаи дохилӣ ва саҳми бевоситаи Пешвои миллат дар расидан ба чунин як суботи саросарӣ дар Тоҷикистон дар ҷаҳон назир надорад.

Дар ин шумора  мақолаҳои дигари хонданӣ, аз ҷумла «CОVID-19. Тадбирҳои бесобиқаи Ҳукумат самар медиҳанд», «САРНАВИШТ. Андешаҳо дар бораи Ваҳдат ҳамчун дастоварди гаронбаҳои миллӣ», «ТОҶИКИСТОН. Чаро иғвогарон аз оромии Ватани хеш нороҳатанд?» ва «САЙРАМ ИСОЕВА: Бекорӣ маро бемор мекунад» ба нашр расидаанд, ки ҳар кадом мавзӯъҳои муҳимро дар бар гирифтаанд ва истифода аз муҳтавои онҳо барои хонанда муфид мебошад.

Дар саҳифаи якуми  шумораи №116 (23971)-и «Ҷумҳурият» аз 24 июни соли 2020 мавод таҳти унвони «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ва ташаккули Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон» ҷой дода шудааст, ки  муаллифон тавонистаанд нақш ва саҳми Пешвои  миллатро дар  расидан ба сулҳи саросарӣ дар Тоҷикистон бараъло нишон диҳанд. Тавре таъкид шудааст, «Ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад».

Матлаби дигари ин саҳифа «ВАҚТЕ ФАРЗАНД БОИСИ ИФТИХОР МЕШАВАД…» ном дорад. Дар мавод дар бораи бо суръати кайҳонӣ авҷ гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт таҳти роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ гуфта мешавад. Муаллифи матлаб менависад, ки «Раиси ҷавону кордони шаҳри Душанбе аз зумраи сиёсатмадорони ватанпарвару инсондӯст ва ташкилотчию ташаббускорест, ки ободкориҳои ахири пойтахт ба номаш пайванданд». Дар идомаи мавод таъкид шудааст, ки «Бо боварӣ метавон гуфт, ки пешрафту тарақиёти имрӯзаи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро маҳбуби мардум гардонидаву ба сӯи комёбиҳои бештар ҳидоят менамояд. Ин аст, ки инкишофи соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии пойтахтро дида, дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба хайси раиси ин мақомоти олии қонунгузорӣ интихоб намуданд».

Маводҳои дигари ин шумораи «Ҷумҳурият»-ро рӯзноманигорону қаламбадастон таҳти унвонҳои «CОVID ВА КАБИРӢ. Ду вирусе, ки тухми мусибат мекоранд», «САРНАВИШТ. Андешаҳо дар бораи Ваҳдат ҳамчун дастоварди гаронбаҳои миллӣ» ва ғайра омода кардаанд, ки ҳар кадом вобаста ба мавзӯи худаш ҷолиб ва хонданӣ мебошанд.

Таҳти рубрикаи «Ҷаҳон»-и рӯзномаро бошад маводҳои иттилоотии муҳими рухдода дар гӯшаю канораи олам комил сохтааст, ки хонандагон метавонанд бо онҳо ошноӣ пайдо кунанд.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи сешанбе, 23 июн дар саҳифаи нахусти худ оид ба баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки  ин ҳафта таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, матлаб ба табъ расонидааст, ки хонанда метавонад ба таври муфассал бо муҳтавои он шинос шавад.

Инчунин дар ҳамин шумораи нашрия масъулон саҳифаи алоҳидаеро зери рубрикаи «Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ» омода кардаанд, ки маводҳои хонданӣ аз қабили «ВАЗЪИ ҶАҲОН ВА ИНКИШОФИ МИНБАЪДАИ ҲАЁТИ ҶОМЕА», «НОМАИ ТАҚДИРИ МИЛЛАТ» ва «АСОСИ ХУШБАХТӢ ВА ТАҲРИКБАХШИ РУШДИ КИШВАР» ҷой дода шудаанд. Ин матолиб фарогири мавзӯи Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими пояҳои давлату давлатдорӣ ва асоси он да рушду шукуфоии кишвар, мебошанд.

Ҳамзамон нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи дигар рӯзи панҷшанбе, 25 июн соли ҷорӣ дар саҳифаи аввал оид ба «Сафари кори Пешвои миллат ба шаҳри Москва» баҳри иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ матлаб ба чоп расонидааст. Инчунин бахшида ба рӯзи Ваҳдатӣ миллӣ дар ин нашрия таҳти сарлавҳаҳои «РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-РӮЗИ ЭҲЁИ МИЛЛАТ», «ТАҲКУРСИИ БОЭЪТИМОДИ ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ВАТАН» ва «МЕВАИ ШАҲДБОРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ-ро бо таҳлилҳои амиқ руйи чоп овардааст, ки хонанда аз он метавонанд истифода намояд.

 «Народная газета» — Нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 26 (20256), 24 июни соли 2020 дар саҳифаи аввалаш матлаберо таҳти унвони «Президент страны Эмомали Рахмон произвел кадровые изменения» ҷой додааст, ки фарогири тағйиротҳои кадрии ахиран анҷомшуда аз тарафи  Пешвои миллат дар вазорату идораҳои давлатӣ мебошад.

Инчунин дар ин шумораи нашрия як қатор Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат оиди таъғироти кадрии дар ҳайати роҳбарии Бонки миллӣ, вазорати адлия, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, вазорати рушди иқтисодӣ ва савдо, ва вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муассисаи  давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт»,  Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»   ба чоп расидаанд.

Бахшида ба 23-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ мақолаҳои зерин чоп шудаанд: «Эмомали Рахмон – архитектор мира и стабильности в Таджикистане», «Национальное единство является фактором развития страны, «В память о погибших журналистах», «Национальное единство – гарант уверенности в счастливом будущем», ки бори дигар талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро  баҳри расидан ба сулҳи саросарӣ ва нигоҳ доштани суботи ҷомеа нишон медиҳанд.

Дар ин шумора ба мавзӯи илм ва талошҳо баҳри пешрафт дар ин самт диққат дода, ду мавод: «Наука – основа развития общества» ва «Приоритеты в науке – начало реформы научной системы Таджикистана» ба чоп расонида шудааст, ки ҳарду дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ин мавзӯъ омода шуда, хондан ва истифода кардан аз муҳтавои онҳо муфид мебошад.

Дар  шумораи навбатӣ як қатор маводҳо оиди мубориза бар зидди терроризм, аз ҷумла шарҳ ба филми ҳуҷҷатии «Хиёнат дар мақолаи «Подлость – это «болезнь мелких людей», «Кто желает зла народу Таджикистана» ба чоп расидаанд, ки бори дигар чеҳраи манфур ва душманонаи роҳбарият ва пайравони Ҳизби наҳзати исломиро ба тамоми сокинони кишвар ба таври возеҳ нишон медиҳанд.

 «Минбари  халқ» — нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи якуми шумораи 26 (1267), чоршанбе 24 июни соли 2020 хабари сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Москваи ФР ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷой додааст.

Дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин нашрия роҷеъ ба таъйиноти кадрӣ, ки дар як қатор вазорату идораҳои давлатии мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда буд, мавод ба табъ расонидааст.

Мавзӯи Ваҳдати миллӣ, роҳҳои мушкили расидан ба сулҳ миёни тоҷикон ва ҳифзу нигоҳдории суботи саросарӣ дар кишварамон дар  мақолаҳо таҳти унвони «Таҷрибаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон: хусусият ва дурнамои рушд», «Иттиҳод оне, ки дорад…», «Асрори Ваҳдат» ва «Омилҳои ваҳдатофар» ва дигарҳо ба таври возеҳ шарҳ дода шудааст, ки хонанда метавонад истифода кунад.

Ҳамзамон, дар шумораи нашрияи ҳизбии  «Минбари халқ» ба масъалаи мубориза бар зидди коронавирус диққати ҷиддӣ дода шуда,  маводҳоро таҳти унвони «Талошҳои Тоҷикистон барои коҳиши шиддати бемории коронавирус» ва «Коронавирус домони арабро сар намедиҳад» ва «Ҷавонон бояд масъулияти баланд дошта бошанд» ба чоп расонидааст, ки фарогири ин мавзӯи муҳими рӯз мебошад. Бо хондани ин маводҳо хонанда метавонад дар бораи вазъияти имрӯза атрофи ин масъала, идомаи мубориза бо ин вирус ва чораандешиҳо баҳри пешгирии он маълумот пайдо кунад.

Июнь 25, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд