«Фариштаи наҷот», «Хизматгузори халқу Ватан бошем»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон дар ҳафтаи равон ва сипаришуда

Июнь 19, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 19.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияҳои даврии Тоҷикистон ҳафтаи сипаригардида ва ҷорӣ низ матолиби ҷолибу хонданӣ ба табъ расониданд, ки фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мебошанд. Дар маркази таваҷҷуҳи шумораҳои нашршуда мавзӯи бемории коронавируси намуди нави COVID-19, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он коҳишёбии бемории сироятӣ дар ҷумҳурӣ ва таъйиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, қарор доранд.

Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.

Нашрияи  расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи  №108 (23963), ҷумъа, аз 12 июни соли равон доир ба суҳбати видеоконфронсии Пешвои миллат бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ, ки   ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои муҳимро дар бар гирифтааст, хабар мунташир кардааст. Ҳамзамон, доир ба  фиристодани 45 мошини пурбори маводи озуқаворӣ бо зиёда аз 50 намуди доруворӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавирус, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ сурат гирифт ва он  ба истиқболи самимии сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар рӯ ба рӯ гардид, матолиби ҷолибе рӯйи нашр овардааст. Дар идомаи мақола назари мутахассисони соҳаи тиб ва шаҳрвандони касбу кори гуногун нисбат ба ин ғамхориҳои роҳбари давлат дарҷ гардида, ин иқдомро ҳамагӣ лутфу эҳсони шоиста маънидод намуданд.

Дар ин шумораи нашрия таҳти унвони «Тадбирҳои Ҳукумат дар роҳи аз хориҷ баргардонидани шаҳрвандони дармонда самар оварнд» ва «Ҳама дар атрофи давлтату Ҳукумат муттаҳидем» маводҳо ба нашр расдиаанд. Дар маводи аввали доир ба овардани шаҳрвандони дармондаи  Тоҷикистон аз хориҷи кишвар, ки дар пайи хуруҷи бемории сироятии коронавирус роҳҳо баста гардид, навиштаҳои Умед Бобозода ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расида гуфта шудааст, ки то кунун бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандон аз мамлакатҳои хориҷӣ, хусусан Федератсияи Россия ба Ватан баргардонида шуд. Дар матлаби дуввум  доир ба фаъолияти шабонарӯзии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 ва фароҳам овардани тамоми имкониятҳо дар беморхонаҳо, хусусан беморхонаҳои муваққатӣ ба таври муфассал мавод омода гардидааст.

Дар саҳифаи «Шоми шанбе»-и нашрия маводҳои ҷолиби иттилоотӣ-фароғатӣ  аз ҳар гӯшаи   олам ҷой дода шудааст.

Дар шумораи №109 (23964)-и ҳамин нашрия, ки 13 июн чоп шудааст, таҳти унвони «Фариштаҳои наҷот» лавҳаҳо аз даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ мунташир шудааст, ки дар он хотираҳои солҳои душвори нобасомониҳо ва гурезагоне, ки ҷон бар каф ба худ паноҳгоҳе меҷустанд тасвир ёфтааст.  Дар ин матлаб пири рӯзгордидае аз минтақаи Кӯлоб аз он солҳо ёдовар шуда,  аз кадом қувваи ғайбе дар симои   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли фариштаи наҷот омадану миллати парокандаро сарҷамъ намудан  қиссаҳои ҷолиб ба забон меорад.

Дар ҳамин шумораи рӯзнома таҳти унвони «Хидматгузори халқу Ватан бошем!» мақолаи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба табъ расидааст, ки дар он доир ба талоши рӯзноманигорон дар самти раҳоӣ ёфтан аз  бемории COVID-19 дар баробари табибон, ки доир ба вазъи паҳншавӣ, роҳҳои пешгирӣ ва ҳолати беҳдоштиву санитарии муҳити атроф ва масъалаҳои дигари алоқаманд ба он изҳори назар карда, хабарҳоро сари вақт тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, изҳори назар намуда, ин амали онҳоро қадрдони намудааст. Дар идомаи матлаб А.Раҳмонзода чунин изҳор доштааст: «Аммо баъзе аз рўзноманигорон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳои маълумотӣ ва блогерҳои алоҳида ин зукоми гузарандаро баҳона карда, ба ҷойи шарҳи дурусти беморӣ ва пешгирии он дар ҷумҳурӣ ба масъалаҳои сиёсӣ ва ғаразҳои шахсӣ даст зада, муҳити орому осудаи кишварамонро бо ахбори бардурўғ ва буҳтонҳои зиёд, махсусан дар ҳаққи Сарвари давлат ва хонадони вай халалдор карда истодаанд».  Аз ин лиҳоз муаллиф дар чунин вазъияти нозук  аз рўзноманигорони даъват ба амал овардааст, ки бо таҳаммул, дар доираи одоби касбӣ ва меъёрҳои мавҷуда андеша ронда, ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро ба таври холисона тасвир намоянд ва ҳар як воқеаро аз нуқтаи назари ҳақиқати иҷтимоӣ ва таърихӣ баҳогузорӣ кунанд. Ба таъкиди номбурда: «Дар шароити феълӣ рўзноманигорон, ки қишри фаъол ва ҳушёри ҷомеа мебошанд, пеш аз ҳама, бояд дар бораи истиқлоли миллӣ, ваҳдати комил ва амнияти давлатӣ андеша ронанд ва офтобро аз паси панҷа надида, ба рушди босуботи Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Умедворем, ки минбаъд мо яктану якҷон шуда, дар пайи ободии кишварамон талош меварзем ва сатҳи зиндагии халқро беҳтар карда, аз ин зукоми вазнин халос мешавем ва боз ҳам аҳлона ба нафъи халқу Ватан хидмат менамоем.»

Дар ҳамин шумора хонандагон метавонанд матлабҳои дигар доир ба рафти барқарорсозии манзилҳои хонаводаҳои зарардида аз офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ва расонидани кумакҳои моддӣ ба онҳо,  тадриҷан холӣ шудани беморхонаҳо дар вилояти Суғд ва дигар манотиқи кишвар  аз гирифторони бемории коронавирус дарёфт ва мутолиа намоянд.

Дар шумораи №111 (23966)-и нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» аз 16 июн,  дар саҳифаи аввал Амру Қарор ва Фаромнҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйироти кадрӣ, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ  ба амал бароварда шуд, хабарҳо ба нашр расидаст.

Матлаби дигар таҳти унвони «Муттаҳиддӣ – роҳи асосии мубориза бо COVID-19» рӯйи чоп омадааст. Муаллиф президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории  COVID-19 ёдовар шуда, зикр кардааст, ки дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вобаста ба пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ идома дошта, истеҳсоли маҳлулҳои безараркунанда ва омӯзиши гиёҳҳои шифобахш ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳамин шумора матолиби дигар таҳти уновони «Ҷавонон ва ормонҳои миллӣ» ва  «Шабакаҳои иҷтимоӣ: имконият ё хатар» ба нашр расидааст, ки  аввали доир ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати кишвар ба насли ҷавон нақл карда, дуюмӣ дар мавриди хатарҳои сомонаҳои иҷтимоӣ маълумоти васеъ барои хонандагон пешниҳод намудааст.

«Тоҷикон намунаи ибратанд» — навиштаҳои Александр Шишов дар саҳифаи дигари ин шумораи нашрия  доир ба таърихи куҳан доштани тоҷикон,   дар китоби «Таджики», ки соли 1910 дар Тошканд ба нашр расидааст, хонандаро ба сайри таърих, расму ойин ва фарҳанги рӯзгордории тоҷикон мебарад.

Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи рӯзи панҷшанбе, 11 июн аз ҷараёни баргузории   Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, маводи муфассал  ба нашр расонидааст.

Ҳамзамон, хонандагони нашрия метавонанд дар ин шумора таҳти унвони «Вазъи иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири коронавирус ба он» матлаби муфассалеро дарёфт ва мутолиа намоянд. Дар ҳамин шумора ҳамчунин   маводҳои фарҳангиву иқтисодӣ ва таҳлилӣ аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон ба нашр расидаанд.

Инчунин, нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум» дар шумораи дигар рӯзи шанбе, 13  июн соли ҷорӣ дар саҳифаи аввал оид ба «Саноатикунонии кишвар – роҳ ба сӯи ояндаи дурахшон аст» матлаб ба чоп расонидааст, ки муҳтавои он доир ба рушди бахши саноат дар Тоҷикистон, омода кардани мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин самт, рӯ овардан ба илмҳои замон ва  техникаю технологияи муосир, роҳандозии роҳу усулҳои ҷадид, дарёфту такомулу тарбия намудани истеъдодҳо ва сафарбарии онҳо ба соҳаҳои зарурии ҳаёту рӯзгорро дар бар мегирад. Дар интиҳои матлаб чунин навишата шудааст: — Миллате, ки сарфи назар аз ҳама мушкилоти сиёсию иқтисодӣ, тавонист, ки ба бунёди  сохтмони аср НБО «Роғун» ҷуръат пайдо намояд, ҳатман ба корҳои аз ин бузургтар қодир аст.

Дар ҳамин шумораи нашрия матлаби дигар таҳти унвони «Таҳмтанони размгоҳи мубориза бо коронавирус» ба нашр расидааст, ки дар он доир ба заҳмати шабонарӯзии табибон дар замони   пандемияи коронавирус ва дар хати пеши набард қарор доштани онҳо баҳри саломатии мардум хонанда метавонад маълумоти  муфассал бигирад. Ба ифтихори Ваҳдати миллӣ дар   ҳамин шумораи нашрия маводи дигаре ба нашр расидааст, ки муҳтавои он таърихи 23 соли ваҳдату ҳамдилии халқи соҳибхиради тоҷикро бозгӯ менамояд.

Дар саҳифаи аввали шумораи дигари нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Садои мардум»   аз рӯзи  сешанбе, 16  июн    Амру Қарор ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағироти кадрӣ, ки дар ҳайати роҳбарикунандаи вазоратҳои корҳои дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ  ба амал бароварда шуд, ба нашр расидаст. Ҳамзамон Нашрия маводи дигари расмиеро оид ба баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти раёсати Раиси МН МО ҶТ Зокирзода Маҳмадтоир доир шуд, нашр намудааст, ки муҳтавои мавод оид ба вазъи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ворид намудани тағийроту иловаҳо ба баъзеи ин санадҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати рушд ва мутобиқсозӣ ба шароити имрӯзаи мамлакат фарогир буд. Дар саҳифаҳои дигари нашрия хонанда метавонад доир ба ҷараёни баргузории машварт дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мақсад ва ҳадафи «Мулоқот бо намояндагони САҲА» ва  «Иштироки Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумони СААД» маводҳоро мутолиа намояд. Дар ҳамин шумора ҳамчунин маводҳои ҷолибу хонданӣ таҳти сарлавҳаҳои «Сулҳу ваҳдат меваҳои ширин бор оварданд», «Шарафи инсониро нигоҳ доштан саҳл нест!», «Содироти тарбузи Хатлон ба Россия ва Аврупо», «Марди накуном намирад ҳаргиз….» (Ёде аз инсони шарифу дардошно Ҳомиддин Шарифов)  ва «Асрори «Ҳалқа»-ҳо кушода шуд», рӯи чоп омадааст.

«Народная газета»-нашрияи расмии русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 25 (20255), 17 июни соли 2020 дар саҳифаи аввал доир ба тағйироти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо, Амру Қарор ва Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июн сурат гирифт, инчунин суҳбати видеоконфронсии Пешвои миллат бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ, ки дар рафти он ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ, вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, тадбирҳои табобат ва пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар Тоҷикистон ва дигар мавзуъҳои муҳим дахл карда шудааст,  мунташир кардааст.

Ҳамзамон «Народная газета»- хабару маводҳо роҷеъ ба иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар машварати видеоии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, баргузории ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД ва  иштироки  Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар он, гузаронидани рейдҳои мақсаднок оид ба ҳатмӣ будани  пӯшидани ниқобҳои тиббӣ барои сокинону шаҳрвандони мамлакат дар саросари ҷумҳурӣ ва  пурзӯр гардидани тадбирҳо ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз ҷониби шаҳрвандон, аз 15 июн ба фаъолият шуруъ намудани муассисаҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла марказҳои савдо, бозорҳо, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, ошхонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, тарабхонаҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, аз 20 июн барои баргузории тӯйи хонадоршавӣ ва аз 1 июл барои анҷом додани парвозҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ ба самти шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ба нашр расидааст.

Инчунин, дар шумора матлаби Абдураҳмон Муҳаммад зери унвони «Национальное единство — сила государства» нашр шудааст, ки дар он доир ба дастовардҳои Ваҳдати миллӣ ва ҷанбаҳои сиёсиву иҷтимоии он андешаҳои муаллиф дарҷ ёфтаанд.

Дар саҳифаи дигари нашрияи «Народная газета» хонандагон метавонанд матолиби дигарро доир ба ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таърихи Ғалаба дар ҶБВ ва иштироки сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузашти низомии ҷашнӣ бахшида ба иди Рӯзи Ғалаба, ки дар майдони Сурхи Москва сурат мегирад, истифодаи дурусти ғизо барои солимии бадан ва чандин маводҳоро дар бораи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва варзишӣ мутолиа намуда, ошноӣ пайдо намоянд.

«Минбари  халқ» — нашрияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 25 (1266), чоршанбе 20 июни соли 2020 дар баробари нашри хабару мақола оид ба фаъолияти ҲХДТ, инчунин роҷеъ ба таъйиноти кадрӣ дар як қатор вазорату идораҳо  аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Суҳбати видеоконфронсии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки ҷаҳонӣ»  мавод ба нашр расонидааст.. Ҳамзамон, дар шумораи нашрияи ҳизбии  «Минбари халқ» мақолаҳо бо номи «Ваҳдати миллӣ ҷашни муқаддас аст», «Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи ҳувияти ориёӣ», «Коронавирус ва таъсири он ба шуури инсон», «Аз таърихи паради Ғалаба», «МАСКА даҳонбанд аст, на НИҚОБ» ва дигар хабару маводҳо пешкаши  хонандагони рӯзномаи ҳизбӣ гардидааст.

«Шиддати коронавирус паст мешавад» — таҳти ин унвон суҳбати Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба нашр расидаааст, ки хонандагон метавонанд дар мавриди вазъи кунунии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ва шиддати паст шудани гирифторӣ ба ин беморӣ маълумоти муфассал ба даст биёранд.

Июнь 19, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад