Хатлон: Дар панҷ моҳ истеҳсоли гӯшти мурғ афзоиш ёфт

Июнь 10, 2020 08:14

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти мурғ дар вилояти Хатлон ба 1227,2 тонна расонида шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 523 тонна зиёд мебошад. Дар ин бора аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар»хабар доданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати афзоиш додани шумораи корхонаҳои парвариши мурғи гӯштӣ дар шаҳру навоҳии вилоят тадбирандешӣ мекунад. Аз ин ҷост, ки теъдоди чунин корхонаҳо дар вилоят ба беш аз 20 адад расида, истеҳсоли ин навъи гӯшти парҳезӣ афзоиш ёфтааст.

Истеҳсоли гӯшти мурғи парҳезӣ аз рӯйи талаботи стандартӣ ба роҳ монда шуда, танҳо дар ҶДММ «Мурғи Муъминобод» дар 5 моҳи соли 2020 ба маблағи 5566,0 ҳазор сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,9 баробар зиёдаст.

Доир ба аҳамияти истеъмоли гӯшти парҳезӣ ва равғаннокиаш пасти чорво бо мақсади татбиқи «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» мунтазам миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Зеро афзоиши бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, бахусус фарбеҳӣ аз ҷиҳати фавту маъюбӣ дар ҷойи намоён меистад.

Тариқи телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори оммаи вилоят мунтазам ташвиқоти дурусти тарзи ҳаёти солим, истеъмоли ғизои фоиданок, истеъмоли нахҳои ғизоӣ, зараровар будани истеъмоли зиёди хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газдори ширин, қандҳои одӣ ва намак, ки ба инкишофи бемориҳои музмини ғайрисироятӣ мусоидат мекунад, ба роҳ монда шудааст.

Июнь 10, 2020 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст