Ҳиндустон ва Кореяи Ҷанубӣ пас аз ИМА ва Япония ремдесивирро дар табобати коронавирус маъқул шумориданд

Июнь 4, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 04.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кореяи Ҷанубӣ ба хотири табобат намудани беморони гирифтори коронавирус  барои  истифода аз  доруи зиддивирусии ремдесивир иҷозатномаи фаврӣ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  «МедикФорум».

Иёлоти Муттаҳидаи Америка ҳанӯз аввали моҳи май истифодаи фаврии ремдесивирро дар беморхонаҳо иҷозат дода буд. Сипас ин иқдомро  Япония низ такрор кард. Дар  Аврупо акнун  имконияти ба кор бурдани ин доруро  баррасӣ мекунанд.

Тибқи як тадқиқоти ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ оид ба ремдесивир, ин дору дар табобати беморон ва барқароршавиашон хеле аҳамиятнок буда, метавонад  маризонро  дар як муддати кӯтоҳ  шифо бахшад, —  гуфта мешавад дар гузориши  Вазорати амнияти озуқаворӣ ва доруворӣ.

Тадқиқоте, ки пажӯҳишгоҳ оид ба  аллергия ва бемориҳои сироятии ИМА дар 10 кишвар бо зиёда аз 1000 бемор гузарондааст, муайян намудаанд,  ки агар  ремдесивирро муддати 10 рӯз тариқи сӯзандору ба беморон  гузаронанд, ин дар қиёс ба доруҳои  пуч  онҳоро  бамаротиб зудтар  тансиҳат мегардонад.

Ин кишвар бо истеҳсолкунандаи  Gilead Sciences барои тезонидани интиқоли  нахустини ин дору ҳамкорӣ хоҳад кард.  Дар  гузориш оид ба нарх ва ё миқдори  он чизе гуфта нашудааст.

 АКС аз NEWSFront

Июнь 4, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Дар Қазоқистон беш аз 1600 нафар барои либосе, ки чеҳраро пурра мепӯшонад, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иттиҳоди Аврупо «Мета»-ро ба нақзи қоидаҳои ҳифзи кӯдакон дар Инстаграм ва Фейсбук айбдор кард
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Дар Норвегия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯдакони то 16-сола манъ карда мешавад