Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ беморхонаҳои Тоҷикистонро бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мекунанд

Июнь 3, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ беморхонаҳои қаламрави кишвари моро  бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки барои табобат намудани беморони гирифтори коронавируси намуди COVID-19 пешбинӣ шудаанд, таъмин мекунанд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Намояндагии ЮНИСЕФ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои табобат намудани беморони гирифтори  коронавируси намуди COVID-19 чор адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим намуд.

Ин таҷҳизот аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ қабул гардида, дар Маркази онкологии беморхонаи шаҳри Хоруғ ва беморхонаҳои ноҳияи Мурғоб, Ванҷ ва Ишкошим насб карда мешаванд. Ғайр аз он, барои кормандони дахлдори тиббӣ дар ин марказҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани ин таҷҳизот давраҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ин самт дастгирии худро пешниҳод мекунад.

Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов барои ин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки «ин таҷҳизот ҷузъи муҳими муборизаи мо бо коронавирус дар минтақа мебошанд ва имконият медиҳанд, ки беморон сари вақт шифо ёбанд».

Ин дастгирӣ аз тарафи шарикони рушд саривақтӣ буда, 20 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дар 17 маркази тиббии тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд.

Июнь 3, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон