Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ беморхонаҳои Тоҷикистонро бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ таъмин мекунанд
ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/. Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ва ЮНИСЕФ беморхонаҳои қаламрави кишвари моро бо дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки барои табобат намудани беморони гирифтори коронавируси намуди COVID-19 пешбинӣ шудаанд, таъмин мекунанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Намояндагии ЮНИСЕФ бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) барои табобат намудани беморони гирифтори коронавируси намуди COVID-19 чор адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим намуд.
Ин таҷҳизот аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ қабул гардида, дар Маркази онкологии беморхонаи шаҳри Хоруғ ва беморхонаҳои ноҳияи Мурғоб, Ванҷ ва Ишкошим насб карда мешаванд. Ғайр аз он, барои кормандони дахлдори тиббӣ дар ин марказҳо ҷиҳати самаранок истифода бурдани ин таҷҳизот давраҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд.
Агентии Оғохон оид ба макони зист дар ин самт дастгирии худро пешниҳод мекунад.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов барои ин дастгирӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки «ин таҷҳизот ҷузъи муҳими муборизаи мо бо коронавирус дар минтақа мебошанд ва имконият медиҳанд, ки беморон сари вақт шифо ёбанд».
Ин дастгирӣ аз тарафи шарикони рушд саривақтӣ буда, 20 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ дар 17 маркази тиббии тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда мешаванд.








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






