Кишоварзони Тоҷикобод дар мавзеъҳои баландкӯҳи Себистон картошка мекоранд
ДУШАНБЕ, 02.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод- дар мавзеи баландкӯҳи Себистон деҳқонон ба кишти картошка сар кардаанд. Мавзеи мазкур аз сатҳи баҳр дар баландии 1800 метр ҷойгир буда, мавсими кишти картошка дар он нисбат ба заминҳои поёноб дертар оғоз меёбад.
Тавре масъулини шуъбаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин мавзеъ аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда майдони кишти картошка васеъ карда мешавад.
Тибқи тавсияи мутахассисон ва таҷрибаи деҳқонон, картошка дар доманакӯҳҳои ноҳия нисбатан ҳосили фаровон медиҳад, аз ин рӯ аз ҳисоби заминҳои баландкӯҳи Себистон бо истифода аз тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ картошка кишт карда мешавад.
Соли равон нақшаи кишти картошка дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва деҳқонии инфиродӣ 1008 гектарро ташкил дода, то имрӯз 47 фоиз иҷро гардидааст. Дар заминҳои наздиҳавлигии сокинони 5 ҷамоати ноҳия нақшаи кишти картошка 1078 гектарро ташкил дода, то имрӯз 57 фоиз иҷро гардидааст.
Бо супориши раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ҷиҳати сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳо бо оби полезӣ техникаҳо барои тоза намудани каналҳои обёрикунанда сафарбар гардида, мардум бо истифода аз трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ ба шудгори замин ва кишти картошка дар доманакӯҳҳо оғоз намудаанд. Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намуда, кӯшиш доранд дар муддати 10 рӯз дар заминҳои обии доманакӯҳ пурра картошка коранд.








Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»






