Корхонаҳои дӯзандагии ноҳияи Рашт дар пешгирии бемории COVID-19 саҳм мегузоранд

Июнь 25, 2020 10:38

ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт ҷиҳати пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус COVID-19 дар корхонаҳои дӯзандагии МХҶ «Мададгор», «Чевар- 2014», «Субҳи Рашт», «Зуҳал», «Наврӯз — 14», «Самад» ва занони ҳунарманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар хона ба дӯхтани ниқобҳои муҳофизатӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ ҷалб гардиданд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода мешавад, то имрӯз бонувони ноҳия 9643 адад ниқоб ва 460 адад либосҳои махсуси муҳофизатӣ омода кардаанд, ки дар умум 10 103 ададро ташкил медиҳад. Ба ин восита теъдоди муайяни духтарони бешуғл ба кор таъмин карда шуданд.

Июнь 25, 2020 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад