Кормандзанони милитсияи вилояти Хатлон бо шаҳрвандон суҳбатҳои сарироҳӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 25.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон аз ҳисоби Шуъбаи кор бо занони раёсати мазкур гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, бо сокинони шаҳри Бохтар дар назди бозори марказӣ, маконҳои серодами ҷамъиятӣ ва кӯчаву маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои сарироҳиро ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва рафти амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» анҷом дода истодаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни баргузории суҳбатҳо таъкид карда мешавад, ки волидайн кӯдакони хурдсол ва мактабхонашонро дар вақти таътили муваққатӣ беназорат нагузошта, онҳоро ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва машғул шудан ба варзиш ҷалб намоянд.
Ҳангоми муошират дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қоидаҳои тавсия кардаи табибон риоя намуда, саломатии худу дигаронро зери хатар нагузоранд.
Ҳамзамон дар рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи корӣ ба сокинон ба таври ройгон ниқобҳои тиббии муҳофизатӣ, маводҳои иттилоотиву тарғиботӣ ва маводҳои антисептикӣ ба таври ройгон тақсим карда шуда, дар ин самт чорабиниҳо идома доранд.
Мавриди зикр аст, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои муассири мубориза бар зидди бемории сироятии коронавирус COVID-19 таҳия ва амалӣ карда шуда, вазъи эпидемиологии мамлакат ба эътидол омада истодааст. Ҳамагон пайваста кушиш менамоянд, ки дар самти пешгирии ин вабои аср саҳмгузор бошанд. Вазъи ба амал омада мардуми худогоҳу ватанпарварро бетараф намегузорад.
Нақши занон имрӯзҳо дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони соҳибистиқлол бағоят муҳим буда, онҳо дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ дар баробари мардон фаъолият карда истодаанд.
Алалхусус, кормандзанони милитсия, ки вазифаҳои пурмасъулро ба дӯш доранд, имрӯзҳо кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷалби аҳолиро ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ бештар намоянд.
Заҳмати софдилонаи кормандзанони милитсия ҳамасола аз ҷониби Роҳбари давлат, Роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон қадршиносӣ мегардад.








ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид






