Маҷлиси намояндагон ба рушди муассисаҳои хусусии тиббӣ диққати ҷиддӣ медиҳад
ДУШАНБЕ, 8.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»» зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида барои рушду нумўи муассисаҳои хусусии тиббӣ ва аз ҷониби онҳо дар сатҳи баланду босифат анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона мегардад.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки дар қисми 2 моддаи 181-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «ва барои хизматрасонии таълимӣ» ба калимаҳои «барои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ» иваз карда шавад.
Баъд аз қабули лоиҳаи Қонун, минбаъд хизматрасониҳои муассисаи хусусии тиббӣ бо меъёри 5% андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегарданд, ки то ин вақт меъёри мазкур 18 фоизро ташкил медод. Ин имконият фароҳам меорад, ки тарофаҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ паст карда шаванд.
Доир ба Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода сухан карда, изҳор дошт, ки мақсади асоси лоиҳа ин мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур ба қонунҳои соҳавӣ, таъмини истифодаи мафҳуму ибораҳои якхела, зарурати аз байн бурдани мухолифати дохилӣ дар моддаи 161 Кодекси амалкунанда ва муайян намудани тобеияти идоравии тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти марбута мебошад.
Ҳамчунин Эмомалӣ Насриддинзода лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон барои қонунгузории андоз ва пешгирӣ намудани бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Дар лоиҳаи Қонуни мазкур тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 калимаҳои «аз сӣ то чил» ва «аз ҳаштод то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз ҳафтод то ҳаштод» ва «аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ» иваз карда шаванд.
Тибқи муқаррароти моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1740 то 2320 сомонӣ) ва барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 4640-5800 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.
Бинобар ин тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур андозаи ҷаримаи маъмурии қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба шахсони воқеӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ минбаъд ба андозаи аз ҳафтод то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳангоми дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳамин кирдор аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.
Дар охир аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад






