«МО БАР ЗИДДИ ВИРУС». Милитсияи Конибодом байни мардум аксияи тарғиботӣ доир кард

Июнь 23, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 23.06.2020 /АМИТ Ховар/. Милитсияи шаҳри Конибодом бо мақсади саҳм гузоштан дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ аз мубталошавӣ ба бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо масъулини беморхонаи марказии шаҳр аксия таҳти унвони «Мо бар зидди вирус» гузаронид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар баробари ба мардум фаҳмонидани манфиати риояи гигиенаи шахсӣ ва чораҳои беҳдоштӣ зимни баргузории чорабинӣ шахсони дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бениқоб қарордошта, бо ниқоби муҳофизатӣ таъмин карда шуданд.

Марҳилаи нахустини чорабинии мазкур дар ҳудуди деҳаи Ниёзбеки ҷамоати деҳоти Ҳамробоев ва маркази шаҳри Конибодом гузаронида шуда, дар рафти он ҳазор адад ниқоби тиббӣ ба нафарони эҳтиёҷманд тақсим карда шуд.

Самти асосии чорабинӣ тавре масъулин таъкид намуданд бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар байни аҳолӣ ва бо ин васила баланд намудани маърифати зидивирусии аҳолӣ мебошад. То ин ки шаҳрвандон оиди роҳҳои пешгирӣ ва худмуҳофизатӣ аз бемории паҳнгаштаи «Covid-19» маълумот дошта бошанд. Мақомоти милитсияи шаҳри Конибодом чунин корҳои ташвиқотиро дар дигар минтақаҳои шаҳр ба нақша гирифтааст.

Дар ҷараёни чорабиниҳо гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби нозирони минтақавии милитсия, милитсияи кор бо ноболиғон ва нозирони БДА сафарбар карда мешаванд. Чунин сафарбарнамоӣ ба он хотир аст, ки масъулини хадамотҳои мазкур бештар бо аҳолӣ кор мекунанд ва дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим таҷрибаи кофии амалӣ доранд.

Июнь 23, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид