«Мо мисли ангуштони як дастем!», — кумак ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба сокинони ноҳияи Хуросон

Июнь 21, 2020 09:08

ДУШАНБЕ, 21.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қарор дошта, кумакҳои ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нав дар деҳаи Чорбоғ ба онҳо пайваста дастраст шуда истодааст.

Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барорбари чунин кумакҳо намояндагони даҳҳо корхонаю ташкилотҳои вилоят барои ёрӣ расонидан ба корҳои сохтмонии оилаҳои зарардида сафарбар гардидаанд. Волонтёрони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯзи аввали кор ба деҳаи Чорбоғ сафарбар шуда, дар бунёд ва азнавсозии манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида саҳм гузошта истодаанд.

Хонаи Абуалӣ Сафоев, сокини ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, дар пайи омадани сел ва лағжиши кӯҳпора зери лой монда буд.  Мақомот барояш дар ҷойи бехавф дар деҳаи навбунёди Чорбоғ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданд. Ҳоло ӯ ва дигар сокинон ба сохтани хона машғуланд. А. Сафоев мегӯяд, дар баробари он, ки Ҳукумати мамлакат барои сохтани манзилҳояшон кумаки зиёд кардааст, кормандони ташкилоту муаасисаҳои вилоят низ   дар бунёди манзилҳои зисташон саҳм гузошта истодаанд. “Мо дар ин рӯзҳои вазнин худро танҳо эҳсос намекунем, зеро маҳсулоти аввалияи ғизоӣ ва маводи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар батакрор дасраси мо гардида истодааст. Аз тарафи дигар кормандони корхонаю ташкилотҳо, хусусан, волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ дар сохтани манзилҳоямон саҳм гузошта истодаанд. Мо ташаккури худро ба онҳо мерасонем”, – афзуд ӯ .

Саъбагул Ҳикматова, сокини деҳаи Асадулло Неъматулло, аз кумакҳои пайвастаи мақомот изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки масолеҳи сохтмонии дастрасшуда дар бунёди манзили зисташон то ҳадде басанда аст. Ӯ низ аз ёриҳои волонтёрони ҲХДТ, ки аз шаҳру навоҳии вилоят ҳамарӯза сафарбар мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гулчеҳра Сайфуллоева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳия дар суҳбат гуфт, ки ҳамарӯза омӯзгорон барои кумак ба сохтмончиён ба деҳаи навбунёди Чорбоғ меоянд.  «Хонае, ки сохтмонаш  ба мо вобаста шудааст, агарчӣ сохтмончӣ набошем ҳам, дар бунёду барқарорсозии он ба устоҳо барои кашондани масолеҳи сохтмонӣ, обу хишт, хоку лой кумак мерасонем»  – изҳор дошт Г. Сайфуллоева ва илова намуд, ки мо мисли ангуштони як даст дар рӯзҳои душвори зиндагӣ дар канори ҳамдигар ҳастему хоҳем монд.

Корҳои сохтусоз дар ин деҳа хуб ба назар расида, техникаҳо барои кашонидан ва ҳамвор кардани сангу шағал ба қадри кофӣ муҳайё карда шудаанд. Ҷараён ва сифати корҳои сохтмонӣ зери назорати мутахассисони соҳаи меъморӣ қарор дорад.  Барои тезонидани кор дар ин деҳаи навбунёд ҳамарӯза беш аз 500 нафар кормандону волонтёрон ва сокинони маҳаллӣ иштирок карда истодаанд. Зимни боздид аз ин мавзеъ мушоҳида кардем, ки кормандон ва волонтёрони ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ баҳри кумак омада буданд. Дар суҳбат Ҳоким Раҳимов, корманди ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, қайд қард, ки ҳизбиён дар ин кори хайр бетараф нестанд. Каме ҳам бошад, саҳми хешро дар сохтусози манзилҳои зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида мегузоранд. “Мо ба сохтмончиён, аз ҷумла дар кандани ҳандақ, кашондани сангу шағал кумак мерасонем. Ин ҳам як навъ дастгирист. Дар ин ҳолатҳо бояд бетараф набошем. Зеро аз азал мардуми тоҷик анъанаи неки дасти ёрӣ дароз кардан ба якдигар доштанд”, – илова кард ӯ.

Бояд ёдовар шуд, ки корҳои сохтмонии зербино ё худ, таҳкурсии беш аз 50 хона пурра анҷом дода шуда, дар қисмате аз ин хонаҳо бардоштани девор оғоз гардидааст. Бобомурод Довудов, сокини осебдидаи ин ҷамоат шукргузор аст, ки ҳоло дар ҷойи бехавф соҳиби замин гашта, дар рӯзҳои наздик бо хонаи нави истиқоматӣ таъмин мегардад. Пештар дар деҳаи ба номи Неъмат Асадуллоеви ҷамоати деҳоти С. Айнӣ истиқомат мекард, азбаски деҳаашон дар мавзеи хатарнок ҷойгир буд, нигарон мешуд. “Камбудӣ нест! Аз ҷониби Пешвои миллат шифер, тахта, арматур, семент ва маводҳои ғизоӣ расида истодааст. Ҳамчунин, аз раиси вилоят ҳам. Аз рӯзе, ки ин мушкилӣ ба сари мо омад, тамоми масъулон дар бари мо ҳастанд”, –  гуфт Б. Довудов. Ёдовар мешавем, ки бар асари офати табиии рӯзҳои 14 ва 16-уми майи соли равон беш аз 300 сокини ноҳияи Хуросон зарар диданд. Аз ин шумора хонаи 68 оила зери лой монда, садамавӣ гардиданд.  Имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар маҳаллаи навбунёд бо вусъат идома дошта, умед аст, ки дар фурсатҳои кутоҳ сокинон аз зери хаймаҳо ба хонаҳои нав-будёди худ кӯч мебанданд.

Июнь 21, 2020 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид