«Мо мисли ангуштони як дастем!», — кумак ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба сокинони ноҳияи Хуросон
ДУШАНБЕ, 21.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия қарор дошта, кумакҳои ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нав дар деҳаи Чорбоғ ба онҳо пайваста дастраст шуда истодааст.
Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар барорбари чунин кумакҳо намояндагони даҳҳо корхонаю ташкилотҳои вилоят барои ёрӣ расонидан ба корҳои сохтмонии оилаҳои зарардида сафарбар гардидаанд. Волонтёрони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯзи аввали кор ба деҳаи Чорбоғ сафарбар шуда, дар бунёд ва азнавсозии манзилҳои сокинони аз офати табиӣ зарардида саҳм гузошта истодаанд.
Хонаи Абуалӣ Сафоев, сокини ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣ, дар пайи омадани сел ва лағжиши кӯҳпора зери лой монда буд. Мақомот барояш дар ҷойи бехавф дар деҳаи навбунёди Чорбоғ замини наздиҳавлигӣ ҷудо карданд. Ҳоло ӯ ва дигар сокинон ба сохтани хона машғуланд. А. Сафоев мегӯяд, дар баробари он, ки Ҳукумати мамлакат барои сохтани манзилҳояшон кумаки зиёд кардааст, кормандони ташкилоту муаасисаҳои вилоят низ дар бунёди манзилҳои зисташон саҳм гузошта истодаанд. “Мо дар ин рӯзҳои вазнин худро танҳо эҳсос намекунем, зеро маҳсулоти аввалияи ғизоӣ ва маводи сохтмонӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар батакрор дасраси мо гардида истодааст. Аз тарафи дигар кормандони корхонаю ташкилотҳо, хусусан, волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ дар сохтани манзилҳоямон саҳм гузошта истодаанд. Мо ташаккури худро ба онҳо мерасонем”, – афзуд ӯ .
Саъбагул Ҳикматова, сокини деҳаи Асадулло Неъматулло, аз кумакҳои пайвастаи мақомот изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки масолеҳи сохтмонии дастрасшуда дар бунёди манзили зисташон то ҳадде басанда аст. Ӯ низ аз ёриҳои волонтёрони ҲХДТ, ки аз шаҳру навоҳии вилоят ҳамарӯза сафарбар мегарданд, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Гулчеҳра Сайфуллоева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и ноҳия дар суҳбат гуфт, ки ҳамарӯза омӯзгорон барои кумак ба сохтмончиён ба деҳаи навбунёди Чорбоғ меоянд. «Хонае, ки сохтмонаш ба мо вобаста шудааст, агарчӣ сохтмончӣ набошем ҳам, дар бунёду барқарорсозии он ба устоҳо барои кашондани масолеҳи сохтмонӣ, обу хишт, хоку лой кумак мерасонем» – изҳор дошт Г. Сайфуллоева ва илова намуд, ки мо мисли ангуштони як даст дар рӯзҳои душвори зиндагӣ дар канори ҳамдигар ҳастему хоҳем монд.
Корҳои сохтусоз дар ин деҳа хуб ба назар расида, техникаҳо барои кашонидан ва ҳамвор кардани сангу шағал ба қадри кофӣ муҳайё карда шудаанд. Ҷараён ва сифати корҳои сохтмонӣ зери назорати мутахассисони соҳаи меъморӣ қарор дорад. Барои тезонидани кор дар ин деҳаи навбунёд ҳамарӯза беш аз 500 нафар кормандону волонтёрон ва сокинони маҳаллӣ иштирок карда истодаанд. Зимни боздид аз ин мавзеъ мушоҳида кардем, ки кормандон ва волонтёрони ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ баҳри кумак омада буданд. Дар суҳбат Ҳоким Раҳимов, корманди ҲХДТ дар ноҳияи А.Ҷомӣ, қайд қард, ки ҳизбиён дар ин кори хайр бетараф нестанд. Каме ҳам бошад, саҳми хешро дар сохтусози манзилҳои зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида мегузоранд. “Мо ба сохтмончиён, аз ҷумла дар кандани ҳандақ, кашондани сангу шағал кумак мерасонем. Ин ҳам як навъ дастгирист. Дар ин ҳолатҳо бояд бетараф набошем. Зеро аз азал мардуми тоҷик анъанаи неки дасти ёрӣ дароз кардан ба якдигар доштанд”, – илова кард ӯ.
Бояд ёдовар шуд, ки корҳои сохтмонии зербино ё худ, таҳкурсии беш аз 50 хона пурра анҷом дода шуда, дар қисмате аз ин хонаҳо бардоштани девор оғоз гардидааст. Бобомурод Довудов, сокини осебдидаи ин ҷамоат шукргузор аст, ки ҳоло дар ҷойи бехавф соҳиби замин гашта, дар рӯзҳои наздик бо хонаи нави истиқоматӣ таъмин мегардад. Пештар дар деҳаи ба номи Неъмат Асадуллоеви ҷамоати деҳоти С. Айнӣ истиқомат мекард, азбаски деҳаашон дар мавзеи хатарнок ҷойгир буд, нигарон мешуд. “Камбудӣ нест! Аз ҷониби Пешвои миллат шифер, тахта, арматур, семент ва маводҳои ғизоӣ расида истодааст. Ҳамчунин, аз раиси вилоят ҳам. Аз рӯзе, ки ин мушкилӣ ба сари мо омад, тамоми масъулон дар бари мо ҳастанд”, – гуфт Б. Довудов. Ёдовар мешавем, ки бар асари офати табиии рӯзҳои 14 ва 16-уми майи соли равон беш аз 300 сокини ноҳияи Хуросон зарар диданд. Аз ин шумора хонаи 68 оила зери лой монда, садамавӣ гардиданд. Имрӯзҳо корҳои созандагӣ дар маҳаллаи навбунёд бо вусъат идома дошта, умед аст, ки дар фурсатҳои кутоҳ сокинон аз зери хаймаҳо ба хонаҳои нав-будёди худ кӯч мебанданд.








Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Дар Душанбе даври сеюми Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Дар соҳили Сирдарёи шаҳри Хуҷанд шиногоҳи нав ба истифода дода шуд
«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ШУКУФОИИ ВАТАН». Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми 6-уми «Сарварони ҷавони эҷодкори Осиёи Марказӣ ва Русия» иштирок менамоянд
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
Форуми ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ — омили рушди давлати ҳуқуқбунёд» доир мегардад
Душанбе мизбони Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» мегардад
Дар Тоҷикистон дар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад
Дар Ховалинг соҳибкорон аз хонаводаҳои Каримовҳо ва Одинаевҳо барои ятимону маъюбон осоишгоҳ сохтанд
Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?






