Натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19

Июнь 10, 2020 10:06

ДУШАНБЕ, 10.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID -19 дар назди раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» Абдулло Раҳмонзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни ҷаласа  Абдулло Раҳмонзода ҷиҳати анҷом додани корҳои назарраси Ташкилот дар давраи пандемия, ташаббусу иқдомҳои волонтёронро дар роҳи мубориза ва пешгирӣ аз коронавирус, ташкили аксияҳои тарғиботӣ, флешмобҳои гуногун дар ҷумҳурӣ, таҳияи маводҳои видеоӣ, намоиши барномаҳои гуногуни онлайнӣ ва таҳияи маводҳои тавсиявиро муҳим арзёбӣ намуд. Аз ҷумла номбурда  фаъолияти густурдаи Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19- ро дар давраи ҳассос саривақтӣ ҳисобида, барои пешбурди ин кор ба ҳайати волонтёрони Ташкилот изҳори сипос гуфт.

Қобили қайд аст, ки «Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID – 19 дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон, шаҳри Турсунзода (барои минтақаи Ҳисор) ва дар ноҳияи Рашт (барои минтақаи Рашт) фаъолият намуда, тавонист дар муддати кӯтоҳ ба ҳазорон нафар шаҳрвандони мамлакат маслиҳату машварат ва кӯмакҳои иҷтимоии яквақтаина расонад. Ҳоло Маркази машваратии хизматрасонии волонтёрон фаъолияти худро дар шаҳрҳои Москва, Краснодар, Новосбирск, Йошкар – Ола, Белгород, Пенза ва Красноярски Федератсияи Россия низ дар заминаи маҳфили «Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта» ба роҳ монда,  аъзоёни маҳфил ба он ҷалб карда шудаанд.

Июнь 10, 2020 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд