Оғози корҳо дар майдонҳои пахтаи вилояти Суғд

Июнь 4, 2020 14:19

ДУШАНБЕ, 04.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо дар майдонҳои 7 ноҳияи пахтакори вилояти Суғд — Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод кишти пунбадона ба анҷом расида, кишоварзон вобаста ба имкониятҳои мавҷуда ва ҳавои мусоид дар майдонҳои пахтазор ба коркарди байни қаторҳо, ягонакунӣ ва пошидани доруҳои минералӣ машғуланд. Ҳамзамон деҳқонон баҳри эмин нигоҳ доштани зироати пахта аз касалӣ ва ҳашароти зараррасон коркарди кимиёвӣ ва биологӣ гузаронида истодаанд.

Дар ин бора аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Соли равон пахтакорони вилояти Суғд баҳри афзун намудани ҳосили «тиллои сафед» майдони кишти пахтаро ба беш аз 60 ҳазор гектар расонида, азм доранд бо иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ ҳосили хуб рӯёнанд.

Имсол дар майдонҳои пахтазори хоҷагиҳо беш аз 15 навъи тухмии пунбадона, аз ҷумла, тухмиҳои маҳаллии «Хуҷанд-67», «Ориёӣ» ва «Ирам-1» ва тухмиҳои воридотии хориҷӣ, аз қабили чинии  «Синтзян» ва «Тиннян», туркии «Флеш» ва «Глория» кошта шуданд. Ҳоло нашъунамои ниҳолҳо хуб буда, пахтакорони вилоят нақша доранд имсол низ беш аз яксаду сӣ ҳазор тонна «дурри гаронбаҳо» ҷамъоварӣ намоянд.

Соли гузашта пахтакорони Суғд дар 57 ҳазор гектар чигит кошта, ба ҷойи 129 ҳазору 50 тонна дар маҷмӯъ 140 283 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 4, 2020 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад