РВКД ДАР ДУШАНБЕ ХАБАР МЕДИҲАД: Як гурӯҳ ҷавонзанони авбош дастгир гардиданд

Июнь 8, 2020 10:21

ДУШАНБЕ, 08.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Нисбати гумонбарон Шаҳноза Холиқова, Мадина Дадахонова, Гулноза Ваҳобова тибқи талаботи моддаи 237 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбари асосӣ Холиқова Шаҳноза Саидмуродовна дар Боздоштгоҳи муваққатии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар  ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

6 июн тахминан соатҳои 17:00 дақиқа дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ як навори латукӯб ва муноқишаи ду нафар ҷавонзан роҳ ёфт, ки дорои саҳнаи даҳшатноки хушунату шиканҷа буда, боиси вокуниш ва сарусадоҳои манфӣ аз ҷониби корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гардид. Аксарияти корбарон бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ошкор ва нисбати кирдори авбошонаи онҳо баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Бо мақсади ошкору муайян намудани шахсияти нафарони дар навор инъикосгардида ва санҷиши воқеии ҳолати кор аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ва бо кӯмаки як нафар истифодабарандаи фаъоли шабакаи Интернет  макони содиршавии ҳодиса муайян ва худи онҳо боздошт карда шуданд: Шаҳноза Холиқова соли таваллудаш 12 октябри соли 1998, зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Б.Ғафуров, бинои 11, ҳуҷраи 20, Мадина Дадахонова соли таваллудаш 20 сентябри соли 1995, зодаи шаҳри Турсунзода, муҷаррад, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев 31, ҳуҷраи 13,
Гулноза Ваҳобова, солаи таваллудаш 09 октябри соли 1999, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи У.Хайём 77.

Тибқи санҷиш муайян карда шуд, ки ҳар се ҷавонзани дастгиршуда, ҷабрдида-Ваҳобова Гулноза, гумонбар – Холиқова Шаҳноза ва наворбардор-Дадахонова Мадина бо ҳам шинос буда, макони содиршавии ҳодиса манзили истиқоматии гумонбар Холиқова Шаҳноза мебошад.

Тибқи пурсиши ҷабрдида, гумонбар ва нафари сеюм нахуст байни онҳо баҳси лафзӣ сурат гирифта, баъдан дастгиршуда Холиқова Шаҳноза ҷабрдида Ваҳобова Гулнозаро мавриди латукӯб ва дашному ҳақорат қарор дода, бо истифода аз қайчӣ мӯи сари Ваҳобова Гулнозаро мебурад. Дадахонова Мадина ба ҷои халос кардан, баръакс ин саҳнаи хушунатро ба навор гирифта, нахуст дар саҳифаи шахсиаш дар «Инстаграм» гузошта, сипас тавассути дигар шабакаҳо паҳн менамояд.

Санҷиши ҳодисаи мазкур таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қарор дошта, зимнан мақомоти милитсияи пойтахт аз шаҳрвандоне, ки барои ошкорнамоии ҷинояти мазкур саҳми худро гузоштанд, изҳори сипос менамояд.

Бо истифода аз фурсат ба таваҷҷӯҳи сокинон расонида мешавад, ки ҳар як кирдори ғайриқонунӣ, ҳодисаву одитарин кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ба поймол гардидани ҳуқуқи шаҳрвандон оварда мерасонад, бе баррасӣ ва чораандешии қатъӣ нахоҳад монд.

Июнь 8, 2020 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст