«ШИФО ВА ҲАМДИЛӢ». Таҳти ин шиор соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов ба табибони ноҳияи Мастчоҳ кумак расонид
ДУШАНБЕ, 13.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми неку башардӯстона таҳти шиори «Шифо ва ҳамдилӣ» ба муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббию санитари ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд либосҳои муҳофизатӣ ва ниқобу айнакҳои махсуси тиббӣ дастрас ва тақдим карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Нигоҳи халқ».
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ, 50 адад либосҳои муҳофизатии тиббӣ, 55 адад ниқобҳои махсус ва ҳамчунин ниқобу айнакҳои тиббӣ аз номи ин соҳибкор ба табибони ноҳяи тақдим гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров аз ин иқдоми соҳибкори худшиносу ватандӯст истиқбол намуда, онро пайравии шоиста ба ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донист.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шамсулло Соҳибов дар доираи иқдоми башардӯстона ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шакли маводи гуногуни доруворӣ, либосҳои тиббии муҳофизатӣ, айнакҳои тиббии муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо, ниқобҳои тиббӣ, хилъатҳо, маводҳои антисептикӣ, маводҳои поккориву тамизкорӣ ва ғайра кумак расонид.









Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






