Ситоди ҷумҳуриявӣ: шумораи озмоишгоҳҳои вирусологӣ зиёд мегардад

Июнь 2, 2020 14:23

ДУШАНБЕ, 02.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи май теъдоди озмоишгоҳҳои вирусологӣ дар шаҳри Душанбе аз як ба чаҳор адад расонида шуд. Ин имкон дод, ки дар ин муддат қариб 15 600 нафар шаҳрвандон тавассути тест ташхис карда шаванд. Ин нукта    дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ситод   Қоҳир Расулзода баргузор гардид, зикр шуд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, то ҳол ба ҷуз аз риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ- гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи  самараноки  пешгирӣ кардани паҳншавиии ин вирус вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, ситоди ҷумҳуриявӣ тамоми  тадбирҳои  заруриро  оид ба ҷорӣ намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои  пешгирии  пайдоиш ва паҳн нагардидани  сирояти нави  коронавирус  андешида истодааст.

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода оид ба вазъи эпидемиологӣ ва тадбирҳои  андешидашудаву банақшагирифта барои  пешгирии  интиқол ва паҳн нагардидани  сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ  гузориш дода, гуфт, ки алҳол вазъият  дар самти назорат  ва табобати бемории сироятии COVID-19 идорашаванда арзёбӣ гардида, ҳар рӯз шумораи беморони бистаришаванда кам  ва аз беморхонаҳо ҷавобшаванда меафзояд. Ин аст, ки  дар як рӯз  ба ҳисоби миёна беш аз 300-400 нафар маризон аз беморхонаҳо рухсат мешаванд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки  ояндаи наздик дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб  озмоишгоҳҳои вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ мекунанд, ки  бо ин мақсад 10 мутахассиси вирусолог  аз курсҳои бозомӯзӣ   гузаштанд. Инчунин барои  беҳтар кардани сифати табобати  беморони бистаришуда, ба 168 муассисаи тиббии 56 шаҳру ноҳияҳои  мамлакат 212 адад таҷҳизоти тиббӣ, 11 номгӯй маводи худмуҳофизатӣ   ва 60 номгӯй маводи доруворӣ  дода шуд.

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интикол ва пайдоиши сирояти нави  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон иҷрои протоколҳои қаблии ситоди ҷумҳуриявӣ шунида шуд.

Бо дарназардошти масъалаҳо ва пешниҳодҳои ҷаласаи  ситоди ҷумҳуриявӣ қарорҳои марбута қабул гардида, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба аъзои ситоди ҷумҳуриявӣ-роҳбарони  вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар самти  пурзӯр намудани  чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз паҳн нагардидани  сирояти нави COVID-19 дар ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Июнь 2, 2020 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»