ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА. Табибони Полша аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент дидан карданд
ДУШАНБЕ, 24.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи табибони Полша дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Аснои шиносоӣ меҳмонон бо табибони беморхонаи мазкур, роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Полша бо ҳамроҳии се нафар коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат дидан намуданд ва бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.
Инчунин, 14 июн гурӯҳи дуюми табибони Полша ва коршиносони СУТ иборат аз 9 нафар низ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.
Ҳадаф ва мақсади ташрифи онҳо ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон омада буданд.








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






