ВКД ҶТ ХАБАР МЕДИҲАД: Ҷинояткорон бе ҷазо намонданд
ДУШАНБЕ, 29.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати таъмини волоияти қонун, пешгирии қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санаи 01-уми майи соли ҷорӣ қочоқчии ашаддии маводи мухаддир Қобилов Шароф Қамурович, санаи таваллудаш 20-уми ноябри соли 1976, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон, ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев, деҳаи Баррӯшон, муваққатан бекор, оиладор, соҳиби 1 фарзанд, қаблан суд шудааст ва ҷинояткори махсусан хавфнок Гадомамадов Фирдавс Ёрмамадович, санаи таваллудаш 24-уми декабри соли 1976, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯшон, ҷамоати деҳоти Назаршо Додхудоев, деҳаи Баррӯшон, муваққатан бекор, ду маротиба суд шудааст, дастгир карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ВКД ҶТ.
Аз ҷониби Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ нисбати Қобилов Шароф Қамурович бо моддаҳои 200, қ. 3 банди «г», 289, қ. 3, 328, қ. 2 ва 335 иловаи 1-и қ. 2 банди «д» ва нисбати нисбати Гадомамадов Фирдавс Ёрмамадович бо моддаҳои 200, қ. 3 банди «г» ва 289, қ. 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, барои моҳиятан баррасӣ гардидан ба Суди ВМКБ ирсол карда шуд.
Дар ин замина, як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва бо ГМҶ алоқаманди ноҳия ҷиҳати дастгирии қочоқчиёни воситаҳои нашъадор барои пешбурди фаъолияти хизматии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Рӯшон монеагӣ эҷод намуданд, ҳамзамон тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва осудагии одамонро халалдор карда, ба майдаавбошӣ даст задаанд.
Баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи қонуният 19 июни соли ҷорӣ нисбати Ғуломайдаров Ёдгор Мамадбекович, соли таваллудаш 1976, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуди ҷамоати Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон, муҷаррад, бекор, Мавлододов Ҳабиб Федкаевич, соли таваллудаш 1987, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуди ҷамоати Назаршо Додхудоеви ноҳияи Рӯшон, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, бекор ва Бахтибеков Илчибек Рамазонович, соли таваллудаш 1965, зода ва истиқоматкунандаи кӯчаи Х. Шодмонов, ҷамоати деҳоти Рӯшони ноҳияи Рӯшон, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, нафақахӯр, протоколҳои дахлдор тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суди ноҳияи Рӯшон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуданд.
Ҳамчунин, барои вайрон намудани талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ сокинони ноҳияи Рӯшон Ғарибшоев Ғарибшо Амиршоевич, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи деҳаи Вамар, Бодуров Дарзу Меҳмонович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи деҳаи Дерзуд, Хушназаров Азамат Ақназарович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи деҳаи Баррӯшон, Мазабшоев Муҳаммад Худоёрович, соли таваллудаш 1991, сокини деҳаи Дерзуд, Фародбеков Аъзамҷон Ширинбекович, соли таваллудаш 1977, истиқоматкунандаи деҳаи Баррӯшон, ҳар кадом ба маблағи 406 сомонӣ ҷарима карда шуданд. Номбурдагон ба амалҳои ғайриқонунии худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд.
Ёдрас менамоем, зарарҳое, ки аз чониби чинояткорон расонида шуда буданд, аз ҷониби худи онҳо пурра барқарор карда шуданд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






