Захарова: Хуруҷи низомиёни ИМА аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдиди хатар ба Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд

Июнь 18, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Россия бар ин бовар аст, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон наметавонад боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе дар брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Мария  Захарова (дар акс) изҳор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. 

«Бовар надорем, ки хуруҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Баръакс, ҳузури низомиёни амрикоӣ ва НАТО барои мухолифини мусаллаҳ як омили таҳриккунанда ва монеи эътидоли вазъи кишвар аст» — гуфт ӯ.

Ба гуфти дипломат, ҷониби Россия умедвор аст, ки татбиқи созишномаи сулҳ байни ИМА ва Толибон (намояндагони ҷунбиши Толибон, ки дар ФР мамнуъ шудааст), ки 29 феврал дар Доҳа ба имзо расидааст, боиси хуруҷи комили  нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хоҳад шуд. «Инчунин ба фикри мо эътидоли авзоъ дар кишвар ба ҳукуматдорони Афғонистон имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои терроризм ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, ки ҳоло қаламрави Ҷумҳурии Исломиро фаро гирифтаанд, ба таври самаранок мубориза баранд» – афзуд ӯ.

Намояндаи расмии идораи дипломатӣ қайд кард, ки ФР иқтидори пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон мустаҳкам хоҳад кард. «Мо ин иқдомотро  шарти муҳими баланд бардоштани бехатарии сарҳадоти ҷанубии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) меҳисобем» – иброз намуд Захарова.

Вай ёдовар шуд, ки дар доираи СААД як қатор чорабиниҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амалӣ карда мешаванд. «Инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти иктишофӣ дар самти назорати ҷойивазкунии ҷангиён ва мониторинги самтҳои ниҳоят хатарнок чораҳо андешида мешаванд», — қайд намуд дипломат.

Тавре Захарова таъкид намуд, СААД ба ҳама гуна сенарияи рушди вазъи низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон омода аст. «Давлатҳои аъзо барои таҳкими марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД муштаракан талош менамоянд,  аз ҷумла таҷрибаи доир намудани машқҳои қисмҳои низомии ин сохторро дар ноҳияҳои бо Афғонистони ҳамсарҳади Тоҷикистон идома медиҳанд», – хулоса намуд вай.

АКС: © РИА Новости/Кирилл Калинников

Июнь 18, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид