Захарова: Хуруҷи низомиёни ИМА аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдиди хатар ба Осиёи Марказӣ нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Россия бар ин бовар аст, ки хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон наметавонад боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Дар ин бора рӯзи чоршанбе дар брифинг намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Мария Захарова (дар акс) изҳор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Бовар надорем, ки хуруҷи қӯшунҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси афзоиши таҳдид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Баръакс, ҳузури низомиёни амрикоӣ ва НАТО барои мухолифини мусаллаҳ як омили таҳриккунанда ва монеи эътидоли вазъи кишвар аст» — гуфт ӯ.
Ба гуфти дипломат, ҷониби Россия умедвор аст, ки татбиқи созишномаи сулҳ байни ИМА ва Толибон (намояндагони ҷунбиши Толибон, ки дар ФР мамнуъ шудааст), ки 29 феврал дар Доҳа ба имзо расидааст, боиси хуруҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хоҳад шуд. «Инчунин ба фикри мо эътидоли авзоъ дар кишвар ба ҳукуматдорони Афғонистон имкон медиҳад, ки ба таҳдидҳои терроризм ва ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, ки ҳоло қаламрави Ҷумҳурии Исломиро фаро гирифтаанд, ба таври самаранок мубориза баранд» – афзуд ӯ.
Намояндаи расмии идораи дипломатӣ қайд кард, ки ФР иқтидори пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон мустаҳкам хоҳад кард. «Мо ин иқдомотро шарти муҳими баланд бардоштани бехатарии сарҳадоти ҷанубии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) меҳисобем» – иброз намуд Захарова.
Вай ёдовар шуд, ки дар доираи СААД як қатор чорабиниҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон амалӣ карда мешаванд. «Инчунин ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти иктишофӣ дар самти назорати ҷойивазкунии ҷангиён ва мониторинги самтҳои ниҳоят хатарнок чораҳо андешида мешаванд», — қайд намуд дипломат.
Тавре Захарова таъкид намуд, СААД ба ҳама гуна сенарияи рушди вазъи низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон омода аст. «Давлатҳои аъзо барои таҳкими марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД муштаракан талош менамоянд, аз ҷумла таҷрибаи доир намудани машқҳои қисмҳои низомии ин сохторро дар ноҳияҳои бо Афғонистони ҳамсарҳади Тоҷикистон идома медиҳанд», – хулоса намуд вай.
АКС: © РИА Новости/Кирилл Калинников








Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд






