10 соҳибкори Хатлон сазовори Ҷоизаи «Ободгари Ватан» гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» ҷамъбаст гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун 10 нафар соҳибкори вилоят сазовори Ҷоизаи «Ободгари Ватан» гардиданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмун раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд.
Ҷоизаи мазкур насиби соҳибкорони зерин — Моҳира Шомаева аз шаҳри Бохтар, барои бунёди маркази саломатии 5-ошёна, Холмурод Асадуллозода аз шаҳри Бохтар, барои бунёди бинои иловагии муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ», Абдулмаҷид Ҳабибуллоев аз ноҳияи Кӯшониён, барои бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, Илҳом Атовуллоев аз ноҳияи Хуросон, барои бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Томчӣ, Холназар Достиев аз ноҳияи Шаҳритуз, барои бунёди иншооти бисёрфунксионалӣ, тӯйхона ва маркази хизматрасонӣ, Тағайхуҷа Аюбов аз ноҳияи Восеъ, барои бунёди майдончаи варзишӣ, Сайидхоҷа Маҳмудов аз ноҳияи Фархор, барои бунёди сехи дӯзандагӣ бо 20 ҷойи корӣ, Акмалҷон Чиллазода аз ноҳияи Данғара, барои бунёди меҳмонхона ва ҳаммоми замонавӣ, Шариф Кабиров аз ноҳияи Дӯстӣ, барои бунёди китобхонаи оммавӣ ва маркази хизматрасонӣ ва Зулхумор Алиева аз ноҳияи Ёвон барои бунёди Маркази хизматрасонии дуошёна, хатти оби нӯшокӣ ва пули мошингузар дар Ҷамоати деҳоти “Обшорон”.
Ҳадаф аз баргузории ин озмун беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни «Ободгари Ватан» тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 12 феврали соли 2019 бо мақсади қадршиносӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва шахсонӣ саховатпешае, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корҳои ободонию созандагии сатҳи маҳал саҳми намоён мегузоранд, баргузор гардида, ҳар семоҳа ғолибони он муайян карда мешаванд.








Масоили таъсиси корхонаи истеҳсоли триоксиди сурма дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе ҷаласаи дуюми Шурои миллии об баргузор шуд
Дар шаҳри Душанбе қабул ба «Школа 21» оғоз гардид
56 корхонаи коммуналии Тоҷикистон пурра ба низоми биллингӣ пайваст шудааст
«Тоҷикстандарт»: аз харидани об ва нӯшокиҳое, ки зери таъсири нурҳои Офтоб қарор доранд, худдорӣ намоед!
«Shohin Airlines» бо «Airbus» барои харидани чор ҳавопаймои силсилаи A320neo созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 200 МВт бунёд карда мешавад
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ба 520 намуна шаҳодатномаи сифати тухмӣ дод
Байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамоишҳо доир мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тоҷикистон бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ ба имзо расонид






