20 ИЮЛ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БОЗИИ ЗЕҲНҲО». Имрӯз дар Тоҷикистон дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз гардид

Июль 20, 2020 15:01

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар ҷаҳон 20 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат имрӯз дар мамлакат дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз гардид.

Дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот дар чор марҳила дар алоҳидагӣ байни варзишгарони касбӣ (дорандаи дараҷаи 1-и варзишӣ, НУВ ва дигар унвонҳои варзишӣ) ва дӯстдорони варзиши шоҳмот (бе дараҷаҳои варзишӣ то дараҷаи 2-и варзишӣ) баргузор мегардад.

Шоҳмот аз бозиҳои қадимтарини миллии халқҳои форсизабон буда, он дар асри шаш пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқон бар он назаранд, ки шоҳмот таърихи 1400-сола дорад. Таърихшиносон пайдоиши шоҳмотро ба асри VI мелодӣ нисбат медиҳанд.

Баъзе қоидаҳои шоҳмот дар замони Хусрави I пайдо шудаанд. Замоне ки Сосониён ба давлатҳое, ки дар ҳамсоягии Ҳиндустон қарор доштанд, лашкар мекашанд, дар ин вақт дар бозии шоҳмот тағйирот ба амал меоянд. Дар бораи ин бозӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи устод Абулқосим Фирдавсӣ низ чун бозии миллии халқҳои мазкур маълумот оварда ва аз он «шатранҷ» ном бурда шудааст.

ДАР АКС: ғолибони Мусобиқаи аввалини ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои Ҷоми Пешвои миллат дар соли 2019

Аз ин лиҳоз таърихшиносон шоҳмотро бозии миллии тоҷикон ва дигар мардуми форснажод арзёбӣ намудаанд. Шоҳмот дар Арабистони Ҷанубӣ бо номи «Шатранҷ», дар Чин «Сянси», дар Тайланд «Макрук»  ва дар Япония бо номи «Сёги» машҳур мегардад. Шоҳмот дар асрҳои IX-X тавассути  арабҳо ба аврупоиён  мегузарад. Бозингарони Аврупо ба шоҳмот қоидаҳои нав ворид мекунанд ва он  номи «Шоҳмоти классикӣ»-ро мегирад. Қоидаҳои ҳозираи шоҳмот аз асри XIX инҷониб мавриди истифода қарор доранд. Мусобиқаҳои шоҳмот аз соли 1886 шурўъ гардида, аз соли 1924 Федератсияи байналмилалии шоҳмот мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ намудааст.

Шоҳмот  бозии шавқовари рӯимизӣ буда,  ба сифати бозии зеҳнҳо маъмул аст. Солҳои  охир таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд гардида, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майли зиёд пайдо намудаанд.

ДАР АКС: Сабрина Абророва

Хотиррасон менамоем, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз рӯи ин намуди варзиш варзишгарони зиёд бозӣ карда, мамлакати моро берун аз ҷумҳурӣ муаррифӣ ва парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон парафшон намудаанд. Яке аз онҳо шоҳмотбози 12-солаи  тоҷик Сабрина Абророва мебошад, ки  соли гузашта дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия дар бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар  ин  мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз 57 давлати дунё ширкат доштанд, вале Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дода,  бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Инчунин аз 18 то 26 июни соли 2019  дар шаҳри Чолпон–Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Леонид Юртаев доир  гардид. Дар он  шоҳмотбозони тоҷик Мутриба Ҳотамӣ соҳиби медали тилло ва Сарвиноз Каримова соҳиби медали биринҷӣ гардида буданд…

Тавре иттилоъ додем, имрӯз  дар мамлакат дуюмин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат оғоз гардид. Марҳилаи интихобии якум аз 20 июл то 31 август дар сатҳи маҳал,   деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, марҳилаи интихобии дуюм аз 1 то 30 сентябр дар сатҳи ноҳия, шаҳр бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии якум, марҳилаи интихобии сеюм аз 1 октябр то 6 ноябр дар сатҳи вилоятҳо, минтақа ва шаҳри Душанбе бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад. Марҳилаи чорум(ниҳоӣ)  аз 11 то 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе   доир карда мешавад.

Дар рӯзи аввали оғози марҳилаҳо баҳри оммавияти ин намуди варзиш Фестивали ҷумҳуриявии шоҳмот таҳти унвони «Варзиши дастрас» баргузор карда мешавад.

Мусобиқа аз рӯи се категорияи синну солӣ — наврасони то 14-сола (писарон ва духтарон), ҷавонони аз 15 то 30-сола (писарон ва духтарон) ва калонсолони аз 30-сола боло (мардон ва бонувон) доир мегардад. Маблағи умумии ҷоизаҳо 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Мояи хушнудист, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи  махсуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати  пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари  мамлакат  муҳайё  мегардад. Сарварии Федератсия шоҳмоти мамлакатро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бар уҳда дорад.

ДАР АКС: Гроссмейтери байналмилалӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов

Дар замони муосир ба тарзи ҳаёти солим ва варзиш, махсусан ба намуди шоҳмот ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ин намуди варзиш баҳри рушди зеҳнии наврасону ҷавонон ва калонсолон мусоидат хоҳад кард.

Бозии шоҳмот на танҳо ба рушди зеҳнии инсон таъсир мерасонад, ҳамзамон одобу ахлоқ ва хислатҳои накӯ, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, танзими ҳаёти ҳаррӯза, мустақилона фикр рондан, расидан ва масъулиятшиносиро дар инсон тавлид менамояд.

Бозии шоҳмот ҷузъи таърих, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик мебошад. Тавассути бозии шоҳмот метавон ҳусни таваҷҷуҳи кӯдакон, наврасон ва ҷавононро ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ҷалб намуд.

Ҳаким Фирдавсӣ достони бозии шатранҷро бозгӯ карда, аз тариқи ҳушу зеҳни пӯёву ҷӯё кашф кардани ҳаракати муҳраҳоро, ки мунҳасир ба рой (андеша ва мулоҳиза) ва дониши инсонанд, таъкид менамояд.

Маҳз ба воситаи хирад ва ба кор андохтани имконоти фикрию зеҳнӣ Бузургмеҳри Ҳаким рамзи бархурди ду сипоҳро, ки дар тахтаи шоҳмот муқобили ҳам чида мешаванд, дармеёбад ва тартиби авзои муқовимоти тарафайнро бо истифода аз гаштҳои муносиб таъйин мекунад:

Касе кам ба дониш барад ранҷ беш,
Бифармой то тахти шатранҷ орад пеш
Ниҳанду зи ҳар гуна рой оваранд,
Ки ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд.
Бидонанд ҳар муҳраеро ба ном,
Ки гӯянд пас хонаи ӯ кадом.
Пиёда бидонанду пилу сипоҳ,
Руху аспу рафтори фарзину шоҳ.
Гар ин нағз бозӣ ба ҷой оваранд,
Дар ин кор покиза рой оваранд.

 

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши
АМИТ «Ховар»

Июль 20, 2020 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод