99,9 дарсади овозҳо барои ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Россия ҳисоб карда шуданд

Июль 2, 2020 12:42

ДУШАНБЕ, 02.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои овоздиҳӣ оид ба тағйироти конститутсионӣ пас аз таҳияи 99,9 дарсади протоколҳо эълон шуданд. ТАСС бо истинод ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи (КМИ) Россия менависад. 

Ба ҷонибдории ворид кардани тағйирот 77,93 дарсади русҳо овоз дода, 21,26 дарсад зид баромаданд.

Раиси КМИ Элла Памфилова изҳор дошт, ки шумораи умумии иштирокдоштагон дар овоздиҳӣ ба Конститутсия пас аз баста шудани участкаҳо ба 65 дарсад расид.

Овоздиҳии сартосарии Россия оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсия 25 июн оғоз ёфт. Ба хотири ҷамъ наовардани одамони зиёд дар шароити пандемияи коронавирус тасмим гирифта шуд, ки раванди овоздиҳӣ як ҳафта давом ёбад. Имсол овоздиҳӣ дар шакли электронӣ низ сурат гирифт. Ин усул дар Москва ва Нижний Новгород дастрас буд. Марҳилаи асосии овоздиҳӣ 1 июл доир шуда, ин рӯз рӯзи истироҳатӣ эълон гардид.

Дар байни тағйироти пешниҳодшуда авлавияти қонунгузории Россия нисбат ба қонунгузории байналмилалӣ, уҳдадории давлат оид ба индексатсия кардани нафақа на камтар аз як маротиба дар як сол, ислоҳҳо дар бораи Худо ва халқи рус, инчунин ҳуқуқи президенти кунунӣ барои дубора интихоб шудан мебошанд. Ҳама тағйироти пешниҳодшуда ба қонуни асосии Россия аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Думаи давлатӣ, Шӯрои Федератсия ва парлумонҳои минтақавӣ маъқул дониста шуданд. Танҳо ба ҷонибдории ҳама тағйирот ё ба муқобили онҳо якбора овоз додан мумкин буд.

 

АКС аз Павел Лиситсин / РИА Новости

Июль 2, 2020 12:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд