ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ҳамаи шаҳру навоҳии Хатлон соҳиби биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ мегарданд

Июль 26, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 26.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои бунёдкорию созандагӣ ва амалигардонии ҳадафҳои бузургу мақсаднок бомаром ҷараён доранд. Дар баробари иншооти дигаре, ки дар рӯзҳои таҷлили сазовори ҷашни истиқлол дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд,   корҳои сохтмонии биноҳои навбунёди кумитаҳои иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ вусъати тоза мегиранд.

Тавре аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, то имрӯз 16 кумитаи иҷроия соҳиби бинои алоҳида гардида, ба таври пурсамар фаъолият доранд. Тибқи нақша, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра бо бинои маъмурӣ таъмин хоҳанд шуд. Аз ҷумла, корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии Бохтар, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Вахш вусъати тоза доранд.

Ба иттилои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода, ҳоло дар кӯчаи Борбад бинои маъмурии кумитаи иҷроия бунёд гардида истодааст. Тибқи лоиҳа, бино аз се ошёна иборат буда, дорои даҳ утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ мебошад. Дар сохтмони бинои  маъмурии ҳизбӣ, ки тариқи ҳашар бунёд мешавад, аъзои ҳизб ва ашхоси саховатманд саҳми калон доранд. Корҳои сохтмонӣ дар ҳама қабатҳои бино ба итмом расида, боми бино пӯшонида шуда, дару тирезаҳо насб гардидаанд. Корҳои васлкунии ноқилҳои барқӣ дар ошёнаи сеюм идома доранд.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин, ба гуфти раиси он Толибҷон Назарзода, аз ду ошёна, ҳафт утоқи корӣ, маҷлисгоҳ иборат буда, ба таври замонавӣ сохта мешавад.  Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2018 оғоз гардида, дар нақша аст, ки он имсол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шавад.  Айни ҳол кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин дар бинои муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия дар чор утоқи корӣ иҷоранишинанд.

Бинои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, тибқи иттилои раиси он Одилҷон Маҳмадов, дорои ҳафт утоқи корӣ, маҷлисгоҳ, иншооти гигиенӣ мебошад. Сохтмони бино бо суръати хуб идома ёфта, дар як муҳлати нисбатан кӯтоҳ қариб ки пурра ба анҷом расонида шудааст. Дар бунёди бинои ҳизбӣ оилаи Юсуфовҳо саҳми назаррас доранд. Сохтмони бино моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, тасмим аст моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шавад.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи ба номи И. Сомонии ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ҷойгир мебошад.  ба Тавре раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ҳафиза Сафарзода иброз дошт, бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳафт утоқи  корӣ барои кормандон, қабулгоҳи ҷамъиятӣ, толор барои маҷлис, меҳмонхона, ошхона, иншооти гигиенӣ, толори хурд ва китобхона мебошад. Масоҳати умумии бино 495 метри мураббаъро ташкил медиҳад.  Сохтмони қабати якуми бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ моҳи августи соли 2018 шурӯъ шудааст.    Бо дастгирии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Файзиддин Қаҳҳорзода қабати дуюм ва сеюми бино сохта шуд. Дар назар аст, ки бинои мазкур моҳи сентябр мавриди истифода қарор гирад.

Ба ҳамин минвол дар ноҳияҳои Панҷ, Шаҳритуз, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара  ва Темурмалик низ сохтмони биноҳои ҳизбӣ идома дошта, ҳизбиён кӯшиш доранд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо бинои маъмурӣ ва шароити шоистаи корӣ таъмин карда шаванд.

Июль 26, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд